“Раванди сабз”-и Амруллоҳ Солеҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби Панҷшерро ба оташ кашид
Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Эрону Қазоқистон ҳамкориҳоро дар соҳаҳои нақлиёт, логистика ва ҳавонавардӣ густариш медиҳанд
Максат Қалиакпаров, муовини вазири нақлиёти Қазоқистон рӯзи шанбеи гузашта дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон бо Алӣ Акбар Ҷӯкор, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дидор ва гуфтугӯ кард.
Ба гузориши хабаргузории “Казинформ” дар ин мулоқот ҷонибҳо дар бораи вазъи кунунии ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои нақлиёт, логистика ва ҳавонавардӣ гуфтугӯ карданд.
Ҳамчунин, онҳо ба густариши роҳҳои нақлиётӣ ва беҳтар кардани роҳҳои транзитӣ миёни ду кишвар таваҷҷуҳ намуда, барои эҷоди имкониятҳои нав баҳри рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни Қазоқистон ва Эрон таъкид карданд.
Бояд гуфт, ки ҳаҷми мубодилаи тиҷоратии Қазоқистон ва Эрон дар соли 2024 296 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 8, 1 дарсад афзоиш ёфтааст.
Маҳсулоти содиротии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон шомили ҷав, гандум, гӯшти гов ва рӯғани офтобпараст мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт