“Раванди сабз”-и Амруллоҳ Солеҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби Панҷшерро ба оташ кашид
Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Қазоқистон содироти нафт ба Чин ва Ӯзбекистонро ба 10,2 миллион тонна расонд
Дар соли ҷорӣ Қазоқистон ҳаҷми интиқоли нафат ба Ӯзбекистон ва Чинро ба 10, 2 миллион тонна расонд, ки нисбат ба соли гузашта 70 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Хадамоти матбуоти ширкати “Казтрансойл” хабар медиҳад, ки интиқоли газ ба воситаи қубурҳои магистралӣ 2 дарсад афзоиш ёфта, ба 44, 8 миллион тонна расидааст.
Ҳамзамон, ҳаҷми интиқоли нафт ба корхонаҳои коркарди нафти ватанӣ, аз ҷумла корхонаи коркарди нафти Атирау ва ҶДММ “Петроказахстан ойл продакст”, корхонаи химиявии “Павлодар” дар соли 2024 16 миллиону 12 ҳаззор тоннаро ташкил дод. Ин ҳаҷми интиқоли нафт нисбат ба соли гузашта 139 ҳазор тонна бештар мебошад.
Содироти нафти Қазоқистон дар соли 2024 17, 2 миллион тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 4% зиёд мебошад. Ҳамзамон, транзит ба воситаи системаи қубурҳои магистралии ҶСК “Қазтрансойл” ба Чин ва Ӯзбекистон 10 миллиону 214 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 70 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Муомилоти нафт ба воситаи системаи магистралии нафти ҶСК “Казтрансойл” дар соли 2024 35 миллиарду 526 миллион тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 1 миллиарду 318 миллион тонна ё 4 фоиз зиёд мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт