15 Ноябр 2026,
якшанбе, 18:25, Душанбе
26.11.2024 10:43

3 ӯзбекистонӣ ба гумони қатли рӯҳонии яҳудӣ дар Иморот боздошт шуданд

Вазорати корҳои дохилии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ эълон намуд, ки ба гумони қатли хохоми яҳудӣ Тсви Коган се нафар ӯзбекистониро боздошт кардааст. Хохоми яҳудӣ Тсви Коган як ҳафта пеш дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ нопадид шудааст, ки 2 рӯз қабл ҷасадаш пайдо гардидааст.

Вазорати корҳои дохилии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи 25-уми ноябр иттилоъ дод, ки се нафар шаҳрванди ӯзбекистонӣ – Азизбек Комиловичи 33-сола, Олимбой Тоҳирович ва Маҳмудҷон Абдураҳими 28 – соларо ба гумони қатли руҳонӣ ё хохоми яҳудӣ боздошт кардаанд.

Мақомоти интизомии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ зикр намуданд, ки хохоми яҳудӣ Тсви Коган бо шиносномаи кишвари Малдавия вориди хоки ин кишвар шудааст. Гуфта мешавад, ки ӯ шаҳрвандии кишвари Исроил ва Малдавияро доштааст.

Дар баёнияи Вазорати корҳои дохилии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ чунин омадааст: “Мо тавоноии бархӯрди қотеъ бо ҳар касе, ки талош кунад, амнияту суботи ҷомеаро барҳам бизанад, дорем. Тамоми паҳлӯҳои пинҳони ин ҳодиса пас аз поёни таҳқиқот иттилоърасонӣ хоҳад шуд.

Мақомоти амниятии Исроил қаблан кишвари Эронро ба қатли хохоми яҳудӣ муттаҳам намуда буданд. Баъди фош шудани ҳувияти қотилон мақомоти исроилӣ гуфтаанд, ки дар қатли руҳонии яҳудӣ гурӯҳи Ҳамос даст дорад.

Бенёмин Натанёҳу, сарвазири Исроил гуфт, ки кушта шудани Тсви Коган, хохоми яҳудӣ дар Иморот як ҳамлаи “муҷримона, террористӣ ва яҳудситезона” аст.

“Исроил бо тамоми абзорҳо амал мекунад ва сабабгарони қатли Тсви Коганро ба дасти адолат хоҳад супурд ва дар муқобили онҳо ҳеч гузаште нахоҳад дошт” –афзуд сарвазири Исроил.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

14.11.2026 15:16

“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад

Бархе ниҳодҳои ҷосусии кишварҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки гурӯҳи террористии Толибон ҳанӯз як таҳдиди фаромарзӣ ва барои амнияту субот дар Осиёи Марказӣ метавонанд хатарофарин бошанд. Ин нигаронӣ аз он ҷо сарчашма мегирад, ки дар таркиби гурӯҳҳои террористии Толибон мухолифони деринаи ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, исломгароёни тундрав ва террористӣ ҳузур доранд.
14.11.2026 13:55

Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд

Душанбе ва Куала-Лумпур ният доранд ҳамкориҳоро дар бахшҳои обёрӣ, механикакунонии кишоварзӣ ва чорвопарварӣ густариш диҳанд. Ин масъала дар ҷараёни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо вазири кишоварзӣ ва амнияти озуқавории ин кишвар Муҳаммад Сабу баррасӣ шудааст.
14.11.2026 09:36

Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт

Мушкилоти техникӣ дар низоми иртиботии ҳаракати ҳавопаймоҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар фаъолияти фурудгоҳҳо мушкилот ба вуҷуд оварда, боиси лағви парвозҳо шудааст. Ин мушкил парвозҳои ҳазорон хатсайри ҳавоиро ба таъхир гузоштааст.
14.11.2026 08:28

Роберто Кардарелли: “Тоҷикистон имрӯз ба қарзи Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад”

Роберто Кардарелли, муовини директори Департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Хазинаи байналмилалии асъор мегӯяд, ки вазъи қарзи давлатӣ ва муомилоти хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир устувор аст ва бо ин далел, ба гирифтани қарз аз Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад.
13.11.2026 18:05

Тоҷикистон барои ҳамгироӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ талош дорад

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф дорад ҳамкориҳоро бо кишварҳои минтақа дар соҳаи энергетика густариш дода, низоми барқи худро ба шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст намояд. Рушди хатҳои интиқоли неруи барқ ва таҷдиди инфрасохтори мавҷудуда аз вазифаҳои асосӣ дар ин самт мебошад.
13.11.2026 18:01

Як ширкати қазоқӣ дар Тоҷикистон аз қаъри замин кони металҳои рангаро ҷустуҷӯ мекунад

Ширкати қазоқистонии истихроҷи тилло «Solidcore Resources» тасмим гирифтааст, ки бо Сарраёсати геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои иктишофиро барои пайдо намудани конҳои металлҳои қимматбаҳо дар Тоҷикистон оғоз кунад. Ҷониби Тоҷикистон бо ин ширкати қазоқӣ шартномаи панҷсоларо ба имзо расонд.
13.11.2026 16:00

Shohin Airlines ба чор минтақаи кишвар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад

АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines хабар дод, ки парвозҳои мунтазами дохили дар самти Душанбе – Хоруғ, Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Бохтар ва Душанбе – Кӯлоб ба роҳ монда мешавад.
13.11.2026 15:33

Вазири корҳои хориҷӣ нусхаи эътимодномаи сафири Ветнам дар Тоҷикистонро қабул кард

Имрӯз, 13-уми ноябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нгуен Тхань Леро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома қабул кард.