Эрон: Исроил барои оғози ҷанг хабарҳои бардурӯғ паҳн мекунад
Чаҳор кишвар аз Исроил хостанд, ки ба вуруди кумакҳои башардӯстона ба Ғазза иҷозат диҳад
Эрон: Кишти маводи мухаддир дар Афғонистон афзоиш ёфтааст
Кремлин: Агар Аврупо ба сулҳ омада набошад, Русия аз неруи низомӣ истифода мекунад
Сафир гуфт: Тиҷорат миёни Ӯзбекистон ва Эрон метавонад ба 5 миллиард доллар расад
Фариддун Насриев, сафири Ӯзбекистон дар Эрон гуфт, ки кишвараш бо Афғонистон беш аз як миллиард доллар тиҷорат дорад ва ин рақам дар тиҷорат бо кишвари Эрон метавонад ба панҷ миллиард доллар расад. Сафири Ӯзбекистон ин нуктаро дар мулоқот бо раиси вилояти Хуросони Разавии Эрон Ғуломҳусайн Музаффарӣ баён кард.
Сафири Ӯзбекистон дар ин мулоқот таъкид кард, ки “Бухоро аз шаҳрҳоест, ки аз лиҳози фарҳангӣ ба салиқаи мардуми Эрон ва Машҳад бисёр наздик аст.”
Раиси вилояти Хуросони Разавии Эрон Ғуломҳусайн Музаффарӣ дар ин мулоқот чунин таъкид кард: “Робитаҳои хубе байни вилояти Хуросони Разавӣ ва кишвари Ӯзбекистон вуҷуд дорад ва дар солҳои ахир бо сафарҳои мақомоти баландпояи эронӣ ба ин кишвар барои робитаҳои 2 кишвар чашмандози хубе пешбинӣ мешавад”.
Ҳамчунин, ӯ афзуд, ки бояд талош сурат бигирад, то тафоҳумоти дар гузашта анҷомшуда, иҷро шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тими футболи Тоҷикистон барои ба даст овардани Ҷоми шоҳ бо тими Тайланд рақобат мекунад
Як мақоми олирутбаи ВКХ-и Амрико рӯзҳои оянда ба Тоҷикистон сафар мекунад
Путин баъди дидор бо Трамп ва Ҷинпин рӯзҳои 18 ва 19-уми ноябр ба Душанбе меояд
Эрон: Исроил барои оғози ҷанг хабарҳои бардурӯғ паҳн мекунад