“Раванди сабз”-и Амруллоҳ Солеҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби Панҷшерро ба оташ кашид
Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Дар Ӯзбекистон ҷавоне барои паҳн кардани таронаҳои мазҳабӣ 3 сол ҳукми зиндон гирифт
Як ҷавони 19-сола дар шаҳри Самарқанд барои паҳн намудани таронаҳои мазҳабӣ аз тариқи шабакаи иҷтимоии “Телеграм” 3 сол ба зиндон маҳкум шуд.
Гуфта мешавад, ки худи ҷавон ҳангоми тафтишот иброз намудааст, ки ӯ мазмуни таронаҳои мазҳабиро намефаҳмид.
Ин ҷавон сокини ноҳияи Нурободи шаҳри Самарқанд мебошад.
Тибқи маводи парванда ӯ дар шабакаи “Телеграм” гурӯҳеро созмон дода ва дар месенҷери гурӯҳ таронаҳои мазҳабиро нашр мекардааст. Бар асоси арзёбии мақомоти судӣ таронаҳои бознашркардаи ҷавон дорои муҳтавои ифротгароӣ ва радикалӣ мебошанд.
Маҳкумшуда дар додгоҳ чунин гуфтааст: “Ман ин сурудҳоро дар шабакаҳои гуногун шунидам, онҳо ба ман писанд омад ва ба гурӯҳе гузоштам ва муҳтавои онро намефаҳмидам. Ман арабиро намедонам, танҳо оҳангҳо ба ман маъқул шуд.”
Маҳкумшуда аз амали худ пушаймон шуда, аз додгоҳ содир намудани ҷазои сабуктарро талаб кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт