19 Июл 2025,
шанбе, 03:50, Душанбе
28.10.2024 16:24

Ҳизби Шавкат Мирзиёев дар интихоботи парлумонӣ пештоз шуд

Комиссияи интихоботи Узбекистон эълон кард, ки Ҳизби либерал-демократии Узбекистон, ки раисаш Шавкат Мирзиёев аст, дар интихобот пештоз аст.

Комиссияи интихоботи Узбекистон эълон кард, ки тибқи натиҷаҳои пешакӣ Ҳизби либерал-демократии Узбекистон бо касб кардани 42,7 фоизи овози раъйдиҳандагон дар интихоботи 27-уми октябр - рӯзи якшанбеи соли равон пештози интихобот аст. Бар асоси раъйи бадастомада 64 курсӣ, аз 150 курсии парлумони Тоҷикистон ба Ҳизби либерал-демократии Узбекистон тааллуқ гирифт.

Ҳизби демократи эҳёи миллӣ 29 курсӣ, Ҳизби сотсиал-демократи адолат 21 курсӣ, Ҳизби демократии халқ 20 курсӣ ва Ҳизби муҳити зист 16 курсӣ ба даст оварданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

18.07.2025 18:28

Мавҷи гармо дар Аврупо: Ҳудуди 2300 нафар дар 12 шаҳр ҷони худро аз даст доданд

Бар асоси таҳлили илмие, ки рӯзи чоршанбе нашр шуд, ҳудуди 2300 нафар дар 12 шаҳри Аврупо бар асари таъсири мавҷи гармо ҷон бохтаанд. Ба гуфтаи таҳлилгарон тағйироти иқлимӣ сабаби шиддат гирифтани гармо ва маргҳои вобаста ба он шудаанд.
18.07.2025 18:03

Дар Тайланд писарбачаи 8-солае пайдо шуд, ки дар зери тарбияи сагҳо ба воя расидааст

Мақомоти Тайланд дар шимоли кишвар, дар вилояти Уттарадит писарбачаи ҳаштсолаеро пайдо намуданд, ки дар давоми чанд соли ахир бо шаш саг ва бидуни назорати инсон ба воя расидааст.
18.07.2025 17:48

Ҷанҷоли нав дар Сурия. Ҷӯлонӣ бо аъзои хонаводааш аз Димишқ фирор кардааст

Хабарҳои зидду нақиз дар расонаҳои арабӣ дар бораи Аҳмад Шаръ, раҳбари кунунии ҳукумати Сурия нашр мешавад. Ин хабарҳо вокунишҳои густурдаи дохилӣ ва байналмилалиро ба вуҷуд овардааст.
18.07.2025 11:28

Як ҳайати амниятии Толибон ба Русия сафар мекунад

Рӯзномаи русии "Независимая газета" хабар дод, ки ҳайате аз мақомоти амниятии гурӯҳи террористии Толибон, ки ахиран аз ҷониби Маскав расман ба ҳайси Аморати Исломии Афғонистон эътироф шудааст, дар ояндаи наздик ба пойтахти Русия сафар хоҳад кард.
18.07.2025 11:20

Кохи сафед: Трамп ба норасоии музмини варидӣ мубтало шудааст

Кохи сафед рӯзи панҷшанбе эълон кард, ки натиҷаи ташхиси ултрасадо дар пойҳо ва дасти Доналд Трамп, президенти Амрико нишон додааст, ки ӯ ба норасоии музмини варидӣ мубтало шудааст. Ин беморие, ки бештар дар миёни афроди синнашон аз 70 боло мушоҳида мешавад.
18.07.2025 11:01

Амрико бо нусхабардорӣ аз “Шоҳид” –и Эрон бесарнишини нав сохта аст

Вебгоҳи амрикоии Defense Blog гузориш додааст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз як дрони низомии камхарҷ бо номи LUCAS (Лукас) парда бардоштааст, ки ба гуфтаи ин манбаъ, бо шабоҳати зиёд ба дрони "Шоҳид"-и Эрон тарҳрезӣ шудааст.
18.07.2025 10:41

Бо номи мустаъор саҳифа накушоед. Масъули саҳифаи “zevarzoda_fors” боздошт шуд

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ҷавондухтаре хабар дод, ки дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм барои ба даст овардани маблағ ба паст задани шаъну шарафи корбарони фазои маҷозӣ машғул буд.
18.07.2025 10:03

Тандурустӣ: Омӯзишу таҷрибагирии 192 мутахассиси соҳа дар хориҷи кишвар

Дар ҷаласа ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар шашмоҳаи аввали соли 2025 таҳлилу баррасӣ гардид.