Як мақоми олирутбаи ВКХ-и Амрико рӯзҳои оянда ба Тоҷикистон сафар мекунад
Эрон: Исроил барои оғози ҷанг хабарҳои бардурӯғ паҳн мекунад
Чаҳор кишвар аз Исроил хостанд, ки ба вуруди кумакҳои башардӯстона ба Ғазза иҷозат диҳад
Эрон: Кишти маводи мухаддир дар Афғонистон афзоиш ёфтааст
Дар Ӯзбекистон аз неруи боду хуршед 4 миллиард киловат соат барқ истеҳсол карданд
Дар нимсолаи аввали имсол дар Ҷумҳурии Узбекистон 4 миллиард киловат соат энергияи сабз аз сарчашмаҳои панелҳои худшедӣ ва шамол истеҳсол шудааст.
Вазорати энергетикаи Узбекистон хабар медиҳад, ки ҳаҷми тавлиди неруи барқ аз манбаъҳои таҷдидпазири энергия аз аввали сол ба 4 миллиард соат киловат расид: “Қисмати асосии ҳаҷми истеҳсоли барқ 3, 49 миллиард киловат соат аз неругоҳҳои хуршедӣ ва 506,4 миллион киловат соати дигар аз неруи шамол истеҳсол шудааст” – таъкид мекунад, Вазорати энергетикаи Узбекистон.
Ҳаҷми неруи барқи истеҳсолшуда барои 2 миллион истифодабаранда дар тӯли даҳ моҳ ё 1 миллиону 660 ҳазор хонавода дар як сол баробар мебошад. Гуфта мешавад, ки аз моҳи январ то 31-уми май ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда ба 1 миллиард киловат соат расид. Дар охирҳои моҳи июн бошад, ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ бо истифода аз шамол ва хуршед ба 1,6 миллиард киловат соат расид ва дар 17-уми июл ин ҳаҷм ба 2 миллиард расидааст.
Ҳоло дар Узбекистон 9 неругоҳи барқии хуршедӣ ва як неругоҳи бодӣ бо иқтидори 2,6 гвт фаъолият мекунад. 6 неругоҳ дар охири моҳи декабри соли 2023 ба кор оғоз намуданд. Ҳукумати Узбекистон бо ҷалби сармоягузорон нақша дорад, ки шумори неругоҳҳои хуршедӣ ва бодиро бештар кунад.
Дар моҳи феврали соли ҷорӣ дар мулоқоти Шавкат Мирзиёев, президенти Ҷумҳурии Узбекистон гуфта шуд, ки то соли 2028 аз ҳисоби истифодаи неруи хуршед ва бод 28 неругоҳ ба иқтидори 6 гвт сохта ва мавриди истифода қарор дода мешавад.
Хатти хабарҳо
Сарвазири Покистон кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳамкориҳои бузурги иқтисодӣ даъват кард
“Артиши Афғонистон об шуд”. Ҷо Байден пас аз 5 сол аз қарори хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар китоби нави худ ҳимоят кард
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо рушди роҳи Транскаспий ва ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ намуданд
Занони Афғонистон дар зери сояи тарс аз Толибон “кошонаи ҳусн ва мактабҳои пинҳонӣ” мекушоянд