15 Май 2025,
панҷшанбе, 12:02, Душанбе
12.06.2015 12:09

Президенти КБО ба Тоҷикистон ташриф меорад

15 июни соли равон президенти Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ Томас Бах бо сафари дурӯзаи корӣ Ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Дар ин бора хадамоти матбуоти Кумитаи Миллии Олимпии Тоҷикистон хабар додааст. 

Интизор меравад, ки ҳамроҳ бо Томас Бах раиси Шӯрои Олимпии Осиё, президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои байналмилалии олимпӣ шайх Аҳмад Ал-Фаҳод, ал-Сабоҳ ба пойтахти Тоҷикистон ташриф оранд.

Дар доираи сафари корӣ президенти КБО аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабул мегардад. Томас Бах инчунин ба қароргоҳи КОМ-И ҶТ ташриф меорад.

Манбаъ: TojNews

Хатти хабарҳо

15.05.2025 11:29

Аббос Ироқчӣ дар вокуниш ба Трамп: “60 ҳазор фаластиниро дар Ғазза кӣ кушт?”

Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба изҳороти Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки Эронро омили ноаминии минтақа муаррифӣ кард, вокуниш нишон дод.
15.05.2025 11:22

Русия блогер Гусейн Гасановро дар кофтукови байналмилалӣ қарор дод

Мақомоти полиси Федератсияи Русия Гусейн Гасановро дар дораи парвандаи ҷиноии пулшӯӣ, напардохтани андоз муттаҳам дониста, дар кофтукови байналмилалӣ қарор доданд. Бар асоси ин иттиҳомот Гусейн Гасанов метавонад то 7 сол аз озодӣ маҳрум гардад.
15.05.2025 11:12

Ҳайати “Брешно”-и Афғонистон барои ширкат ба нишасти САSА- 1000 ба Душанбе омад

Ҳайати афғонистонӣ зери роҳбарии Абдулборӣ Умарӣ, раиси ширкати Брешнои Афғонистон барои ширкат дар нишасти лоиҳаи интиқоли САSА-1000 ба Душанбе омада, бо масъулони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.
15.05.2025 10:04

Дар конфронси Ашқобод Тоҷикистон аз обшавии пиряхҳо изҳори нигаронӣ кард

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон Конференсияи 7-уми Осиёи Марказӣ доир ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим (САКИК-2025) баргузор шуд.
15.05.2025 09:09

Афғонистон барои маҷмааи Имом Бухорӣ 16 камаз мармари сафед фиристод

Афғонистон барои бунёди Маҷмааи меъмории ба номи Имом Бухорӣ 16 камаз санги мармари сафед ба Ӯзбекистон фиристод. Масъулони ҳукумати нави ин кишвар гуфтаанд, ки мехоҳанд дар бунёди маҷмааи Имом Бухорӣ саҳм гиранд.
15.05.2025 07:47

Чанд донишҷӯи тоҷик дар Чин таҳсил мекунад?

Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар медиҳад, ки Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин дар доираи нахустин ҷаласаи вазирони маорифи кишварҳои Чин ва Осиёи Марказӣ бо муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин У Ян вохӯрӣ намуд.
14.05.2025 18:19

Аз гӯшт то маводи сӯзишворӣ. Афзоиши нархо дар бозорҳои Ӯзбекистон

Мизони афзоиши нархҳо дар бозорҳои Ӯзбекистон дар давоми як моҳи охир 0,1 фоиз зиёд шудааст, ки мардум онро эҳсос кардаанд. Қабл аз ҳама сокинони шаҳри Тошканд аз афзоиши нархҳо шикоят кардаанд.
14.05.2025 18:11

Трамп: “Муҳаммад ибни Салмон марди бузург ва беназир барои ояндаи минтақа ва Риёз аст”

Президенти Амрико Доналд Трамп дар доираи ҳамоиши сармоягузории муштараки Амрико ва Арабистони Саудӣ дар Риёз гуфт, ки барои ҳифзи Амрико ва манфиати кишварҳои дӯсти он, аз ҷумла Арабистони Саудӣ аз истифодаи неруи низомӣ лаҳзае таъхир нахоҳад кард.
14.05.2025 18:03

СММ: 10 моҳ боз Исроил иҷоза намедиҳад кумакҳо ба Ғазза расад

Созмони Милали Муттаҳид бо изҳори нигаронӣ мегӯяд, ки беш аз 10 моҳ боз Исроил иҷозаи ворид кардани ғизо, об, дору ва хаймаро ба минтақаи Ғазза намедиҳад ва ин боиси фоҷеаи башардӯстона дар ин минтақа шудааст.
14.05.2025 14:14

Трамп ҳамаи таҳримҳои “ваҳшиёна ва фалаҷкунанда” бар зидди Сурияро бекор мекунад

Доналд Трамп дар ҳамоиши сармоягузории Амрико ва Арабистони Саудӣ дар шаҳри Риёз эълон кард, ки ҳамаи таҳримҳои “ваҳшиёна ва фалаҷкунанда” бар зидди ҳукумати Сурияро бекор мекунад. Ин иқдоми муҳим метавонад мунсобатҳои Ховари Миёнаро вориди марҳилаи нав кунад.