Трамп: “Ҷанг бар зидди Эрон ва норозигии мардум аз Исроил омили шикаст дар интихобот буд”
Вазири хориҷии Эрон мегӯяд миллатҳои минтақа ва Амрико аз фиребкории Исроил ба танг омадаанд
Ироқчӣ: “Акнун навбати Кохи Сафед аст, ки интихоб кунад”
Трамп аз музокирот бо Си Ҷинпин ва Путин барои поён додан ба ҷанги Эрон хабар дод
Ассошиэйтед пресс: Ҳудуди 600 неруи вижаи Сурия ба Арабистони Саудӣ сафарбар мешаванд
“Ассошиэйтед пресс” ба нақл аз манобее дар Сурия хабар додааст, ки интизор меравад ҳафтаи оянда ҳудуди 600 неруи вижаи сурӣ ба Арабистони Саудӣ фиристода шаванд.
Ин расона 8-уми ноябр, гузориш додааст, ба гуфтаи як манбаъ, Арабистони Саудӣ таъкид кардааст, ки ин афрод бояд тобеияти Сурияро дошта бошанд, на шаҳрвандони хориҷие, ки дар ҷараёни ҷанги дохилӣ ба Сурия сарозер шуда ва ба гурӯҳҳои мухталифи шӯришӣ пайваста будаанд.
Бар асоси гузориш, ин манбаъ гуфтааст, ки ҳайате аз Сурия ба сарварии Холид Хаттоб, фармондеҳи лашкари 82, ахиран сафари дуҳафтаинае ба Арабистони Саудӣ доштааст.
Як мақоми дигари сурӣ низ гуфтааст, ки 36 нафар аз мақомоти низомии Сурия аз як утоқи фармондеҳӣ ва амалиётӣ дар Ҷидда, ки аз ҷониби мақомоти саудӣ ва яманӣ идора мешавад, боздид карда ва дар ҷараёни вазъияти хатти муқаддам ва манотиқи мухталифи амалиётӣ қарор гирифтаанд.
Дар ҳамин ҳол, як мақоми огоҳ аз ин гуфтугӯҳо дар минтақа изҳор доштааст, ки Сурия қаблан “шумори ками мушовир”-ро ба Арабистони Саудӣ эъзом кардааст. Ин афрод дар хоки Арабистони Саудӣ ба омӯзиши неруҳои яманӣ кумак мекунанд.
Қобили зикр аст, ки Сурия ва Арабистони Саудӣ ҳафтаи гузашта эълом карданд, ки як созишномаи ҳамкории низомӣ имзо кардаанд, ҳарчанд дар ин бора ҷузъиёте ироа надодаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвари давлат бо Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ мулоқот намуданд
Гади Айзенкот ба ҷои Нетаняҳу сарвазири нави Исроил мешавад
Трамп: “Ҷанг бар зидди Эрон ва норозигии мардум аз Исроил омили шикаст дар интихобот буд”
Наздик ба 50 кишвар бо ташаббуси Бритониё алайҳи Исроил изҳороти муштарак нашр мекунанд