Трамп: “Эрон мушаке дорад, ки метавонад ба Аврупо бирасад”
Русия ва Беларус аз омодагӣ ба муқобила бо ҳар гуна таҳдид хабар доданд
Вазорати хориҷии Покистон: Амалиёти низомӣ дар Афғонистон дар посух ба ҳамлаҳои террористӣ анҷом шудааст
Сенатори амрикоӣ хостори поёни ҳамдастии Амрико бо Исроил шуд
Трамп: “Эрон мушаке дорад, ки метавонад ба Аврупо бирасад”
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА, иддао кард, ки Эрон мушаке дар ихтиёр дорад, ки метавонад ба Аврупо бирасад. Ӯ ҳамчунин, дар бораи оғози ҷанг бо Эрон, оташбас ва муҳосираи баҳрии ин кишвар изҳори назар кард.
Бино ба гузориши расонаҳо, Трамп субҳи рӯзи сешанбе зимни суханронӣ дар назди ҷонибдорони Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар иёлати Миссисипӣ иддао кард, ки ИМА ҷангро бо Эрон оғоз накардааст, балки Теҳрон аввал ба даргирӣ даст задааст.
Трамп аз тавонмандиҳои низомии Эрон ёд карда, гуфт, ки эрониҳо силоҳҳои пешрафта месозанд. Ӯ ҳамчунин, иддао кард, ки ИМА Эронро шикаст додааст.
Раиси ҷумҳури ИМА изҳор дошт, ки Эрон ҳоло мушаке дорад, ки метавонад ба Аврупо бирасад. Ба гуфтаи ӯ, Теҳрон набояд чунин силоҳеро дар ихтиёр медошт ва Вашингтон намедонад, ки Эрон онро аз куҷо ба даст овардааст.
Трамп ҳамчунин, иддао кард, ки агар Эрон силоҳи ҳастаӣ медошт, метавонист шаҳрҳои ИМА, аз ҷумла Сан-Диего ва Лос-Анҷелесро ҳадаф қарор диҳад.
Трамп аз оташбас бо Эрон изҳори норозигӣ кард
Трамп ҳангоми сухан дар бораи ёддошти тафоҳум бо Эрон гуфт, ки оташбаси кӯтоҳмуддат барқарор шудааст, аммо ӯ аз ин иқдом чандон ҷонибдор набудааст.
“Ман ҳеч гоҳ оташбасро чандон писанд намекардам. Ба назарам, ин беҳуда сарф кардани вақт буд”, - гуфт ӯ.
Раиси ҷумҳури ИМА ҳамчунин, ба болоравии нархи энержӣ дар кишвар ишора карда, гуфт, ки интизор дошт нархи нафт хеле бештар афзоиш ёбад ва барои чунин вазъ омодагӣ дида буд.
Ба гуфтаи Трамп, ИМА дар он шароит интихоби дигаре надошт.
Трамп аз муҳосираи дарёии Эрон хабар дод
Трамп дар идомаи суханронии худ аз муҳосираи баҳрии Эрон низ ёдовар шуд. Ӯ иддао кард, ки ИМА шояд бузургтарин муҳосираи баҳриро дар таърихи баҳрнавардӣ роҳандозӣ кардааст.
“Ҳеч кас то кунун чизе монанди онро надидааст”, - гуфт ӯ.
Изҳороти Трамп дар бораи тавонмандиҳои мушакии Эрон, оташбас ва муҳосираи баҳрӣ бахше аз суханронии ӯ дар ҷамъомади ҷонибдорони Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар иёлати Миссисипӣ буданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳарри Кейн барандаи ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” дар соли 2026 шуд
Швейтсария равобити худро бо Кореяи Шимолӣ эҳё мекунад
Трамп: “Эрон мушаке дорад, ки метавонад ба Аврупо бирасад”
Русия ва Беларус аз омодагӣ ба муқобила бо ҳар гуна таҳдид хабар доданд