Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.
Мақомот зани гумонбар ба дуздидани навзод аз таваллудхонаро дастгир кард
Бошгоҳи "Истиқлол"-и Душанбе дастаи "Ал-Арабӣ"-и Қувайтро шикаст дод
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Нурулло Алиев, размкори бебохти тоҷик 25-уми октябр дар мусобиқаи UFC 333 муҳимтарин муҳорибаи корномаашро мегузаронад.
Ӯ бо Грант Доусон, ки ҳоло дар раддабандии вазни сабуки UFC мақоми 15-умро ишғол кардааст, рақобат мекунад. Дар сурати ғалаба, варзишгари тоҷик дар рейтинги беҳтарин размкорони UFC пайдо хоҳад шуд.
Чанд соат пеш Нурулло Алиев дар саҳифаи расмиаш дар Инстаграм навишт, ки барои муҳорибаи мазкур роҳи тӯлониеро тай кард ва пурра омодааст.
“Мехоҳам, миннатдориамро ба устодон ва онҳое, ки бо ман тамрин карданд, бирасонам. Бидуни ёриву дастгирии ҳамдастаҳоям ин роҳ бароям хеле душвор мешуд. Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем, давомаш дар дасти Худост ва бовар дорам, ки ғолиб меоям”, - навишт Нурулло Алиев.
Ёдовар мешавем, ки Нурулло Алиев аввалин тоҷикест, ки бо UFC шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд ва то имрӯз дар ташкилоти мазкур чор муҳориба гузаронида, дар ҳамааш ғолиб омадааст. Инчунин, аввалин тоҷикест, ки рақибаш дар раддабандии UFC мавқеи баланд дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад