Пешвои миллат дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ суханронӣ карданд
Сарвари давлат бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Ғолибони Бозиҳои XX-уми Делфӣ дар гала-консерт баромад карданд
Сарвари давлат дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон суханронӣ намуданд
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
Душанбе ва Теҳрон барои густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои ҳамаҷониба миёни ду кишвар таъкид карданд. Дар ин бора сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои эронии худ Масъуд Пизишкиён хабар дод.
Дар изҳороте, ки дар сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст, омадааст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва нишасти экологии сарони кишварҳои соҳилии баҳри Хазар бо раиси ҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён дидору гуфтугӯ кардааст.
Бар асоси ин изҳорот, сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз раиси ҷумҳури Эрон ба унвони меҳмони вижаи нишаст ва намояндаи кишвари дӯсту бародар самимона истиқбол кардааст.
Ҷонибҳо дар ин мулоқот доираи васеи масъалаҳои марбут ба муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи ду кишварро баррасӣ карда, роҳҳои тақвият ва густариши бештари ин робитаҳоро мавриди табодули назар қарор додаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд