Қазоқистон дар миёни се шарики бузурги тиҷоратии Тоҷикистон қарор гирифт
Аз амнияти минтақа то масъалаи муҳоҷират. Сарони Тоҷикистону Русия мулоқот намуданд
Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова
Дар 9 моҳ нақшаи даромади буҷети давлатӣ 114,9 фоиз таъмин гардид
07.10.2026 15:17
Президенти кишвар ва Владимир Путин суҳбати телефонӣ карданд
Имрӯз, 7-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Хадамоти матбуоти Сарвари давлат навиштааст, ки дар оғози суҳбат Пешвои миллат бо таманниёти сиҳатмандиву некрӯзӣ ва комгорӣ дар фаъолияти давлатӣ президенти Русияро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик гуфтанд.
Афзуда мешавад, ки Сарвари давлат саҳми шахсии назарраси Владимир Путинро дар пешбурди раванди таҳкиму тавсеаи робитаҳои шарикии стратегии ду кишвар бахусус таъкид карданд.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки сарони ду давлат дар идомаи суҳбати дӯстона изҳори итмонон намуданд, ки ин раванд минбаъд ҳам ба нафъи мардумони кишварҳои мо идома хоҳад ёфт.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
23.11.2026 18:48
Артиши Исроил: Ҳамла ба Эрон метавонад ҷангро дар тамоми минтақа густариш диҳад
Идораи иктишофии низомии артиши Исроил ба мақомоти баландпояи ин кишвар ҳушдор додааст, ки ҳамлаи ҷадид ба Эрон метавонад боиси оғози ҷанг дар чандин ҷабҳа, аз ҷумла Лубнон, Сурия ва Ғазза шавад.
23.11.2026 18:40
Дар Чин як мақоми давлатиро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба қатл маҳкум карданд
Дар Чин як мақоми давлатӣ бо насаби “Ма” бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи як ниҳоди хориҷӣ ба қатл маҳкум шудааст.
23.11.2026 18:26
Аз Душанбе то Хоруғ дар 55 дақиқа. Аввалин парвози Shohin Airlines дар ин хатсайр
Имрӯз, 23-юми ноябр ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines аввалин парвози мусофиркашониро дар хатсайри Душанбе – Хоруғ – Душанбе анҷом дод.
23.11.2026 15:25
Бузургдошти Сино ва Хайём. Бо ташаббуси Тоҷикистон дар ЮНЕСКО чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ баргузор мегардад
Аз 23-юм то 27-уми ноябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Париж бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти ду чеҳраи барҷастаи илму тамаддуни тоҷику форс Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём баргузор мегардад.
23.11.2026 12:14
Лаълии лимони дастархони оростаи Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи Путинро ҷалб кард
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар сари дастархон ороста бо меваҷот Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия нишастаанд.
23.11.2026 09:25
Вазирони фарҳанги Тоҷикистону Ҳиндустон рушди ҳамкориҳоро миёни ду давлат баррасӣ карданд
Дар ҳошияи нахустин форуми Созмони ҳамкории Шанхай оид ба муколамаи тамаддунҳо дар шаҳри Деҳлии Нави Ҷумҳурии Ҳиндустон вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндустон Гаҷендра Сингҳ Шехават мулоқот намуд.
23.11.2026 08:13
Трамп Эронро ба ҳамлаҳои низомии ҷадид пас аз якуми январ таҳдид кард
Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА, ҳушдор додааст, ки дар сурати ба мувофиқа нарасидан бо Эрон, эҳтимол дорад пас аз 1-уми январ ҳамлаҳои низомии нав алайҳи ин кишвар анҷом дода шаванд.
23.11.2026 08:08
Сепанто: Сиёсати Олмон дар баробари Толибон намунаи ошкори меъёрҳои дугона аст
Рангин Додфар Сепанто, мушовири пешини амнияти миллӣ ва вазири корҳои хориҷии ҳукумати пешини Афғонистон, аз сиёсати Олмон дар баробари Толибон интиқод карда, онро намунае аз меъёрҳои дугона ва риёкории сиёсӣ хондааст.
21.11.2026 14:33
Баҳси ҷадид дар парлумони Озарбойҷон: қатъи маблағгузории давлатии мактабҳои русӣ
Намояндаи Ҳизби ҳокими Озарбойҷон пешниҳод кардааст, ки масъалаи маблағгузории давлатии таҳсил ба забони русӣ дар мактабҳои кишвар аз нав баррасӣ шавад. Ин пешниҳод дар ҳоле матраҳ шудааст, ки ҳоло дар бахшҳои русизабони мактабҳои Озарбойҷон 157 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд.
21.11.2026 14:16
Вазорати хориҷии Покистон: миёнаравӣ миёни Вашингтон ва Теҳрон идома дорад
Вазорати корҳои хориҷии Покистон аз идомаи талошҳои ин кишвар барои миёнаравӣ миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эрон хабар дода, таъкид кардааст, ки ин раванд идома хоҳад ёфт.
21.11.2026 14:10
Гандӣ: “Бо Исроил равобити стратегӣ дорем”
Раҳул Гандӣ, раҳбари мухолифони Ҳиндустон ва рақиби Нарендра Модӣ барои мақоми нахуствазирӣ, зимни сафар ба ИМА аз равобити кишвараш бо Исроил ҳимоят карда, гуфт, ки аз миёнаравии Покистон дар музокироти Амрико ва Эрон “шок” шудааст.
21.11.2026 13:56
Русия: 275 ҳавопаймои бесарнишини Украинаро дар як шаб сарнагун кардем
Вазорати дифои Русия эълон кардааст, ки шаби гузашта 275 паҳподи украиниро дар минтақаҳои гуногуни Русия шиносоӣ ва нобуд кардаанд.