5 Октябр 2026,
душанбе, 15:09, Душанбе
05.10.2026 09:01

Дар Восеъ бинои Беморхонаи хусусии “Тибби Ҳулбук” мавриди истифода қарор дода шуд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Беморхонаи хусусии “Тибби Ҳулбук”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода мешавад, ки беморхонаи хусусӣ бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳбудии сифати хизматрасониҳои муосири тиббӣ аз ҷониби соҳибкор Раҷабалӣ Мирзоализода сохта шудааст.

Гуфта мешавад, ки беморхона аз шуъбаҳои занона, асаб, кӯдакона, калонсолон, ҷарроҳӣ, эҳё ва дигар шуъбаҳои муҷаҳҳаз иборат мебошад. Дастгоҳу таҷҳизоти беморхона истеҳсоли бонуфузтарин ширкатҳои ҷаҳон буда, истифодаи онҳо ба рушди соҳаи тандурустӣ заминаи воқеӣ фароҳам меорад.

Дар беморхона 50 корманди соҳа, ки дорои тахассуси баланди касбӣ мебошанд, ба кор ҷалб гардидаанд.

“Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам овардани чунин шароити хизматрасонии тиббӣ ба сокинонро аз ҷониби соҳибкор нишони ватандӯстӣ ва саҳм гузоштан дар таъмини солимии ҷомеа маънидод карданд”, - навиштааст хадамоти матбуоти Президенти мамлакат.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

05.10.2026 11:37

Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”

Муҳаммабоқир Қолибоф, раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳамзамон бо идома ёфтани ҷанг ё муқовимати низомӣ аз абзори дипломатӣ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҳафт шарти Эрон тибқи “Тавофуқномаи Исломобод” иҷро нашавад, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд.
05.10.2026 08:00

Сарвари давлат дар ноҳияи Фархор бинои Шуъбаи КДАМ-ро ифтитоҳ намуданд

4-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Фархор бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.