Пешвои миллат дар ноҳияи Восеъ Кӯдакистони “Маҳдия”-ро ифтитоҳ намуданд
Дар Восеъ бинои Беморхонаи хусусии “Тибби Ҳулбук” мавриди истифода қарор дода шуд
Сарвари давлат дар ноҳияи Фархор бинои Шуъбаи КДАМ-ро ифтитоҳ намуданд
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Сарвари давлат дар ноҳияи Фархор бинои Шуъбаи КДАМ-ро ифтитоҳ намуданд
4-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Фархор бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, бинои бисёрошёна бо тарҳи замонавӣ ва инфрасохтори зарурӣ сохта шудааст. Дар таҳхона толори варзишӣ, бойгонӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир буда, дар ошёнаҳои дигар утоқҳои корӣ, ошхона, толори маҷлис, китобхона ва хонаҳои истиқоматии хизматӣ барои кормандон пешбинӣ шудааст. Манзилҳои зист бо шароити зарурӣ таъмин буда, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматӣ ба низоми ягонаи гармидиҳӣ пайваст шудаанд.
Гуфта мешавад, ки бунёди иншоот моҳи апрели соли 2023 оғоз гардида, дар раванди сохтмон 40 сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин гардиданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 200 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» рақобат мекунанд
Омӯзгор ва мураббии соли Тоҷикистон-2026 маълум шуданд
Толибон роҳи транзитии Чину Афғонистон - Вахонро ифтитоҳ намуданд
Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”