Мунтахаби Тоҷикистон тими миллии Чинро дар майдони худ шикаст дод
Месси: “Мехостам, то охири умр дар ҳайати мунтахаб бозӣ кунам”
Соҳибкорони Хатлон бо имкониятҳои нави рақамӣ ва сармоягузорӣ шинос шуданд
Дар даври сеюми Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 4 ҳазору 484 довталаб иштирок мекунад
Дар як рӯз. Вилояти Хатлон аз 76 фоиз иҷро шудани даъвати тирамоҳӣ хабар дод
Дар вилояти Хатлон маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда, дар рӯзи якум нақшаи даъват 76 фоиз иҷро шуд.
Тарве ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Данғара, Норак, Дӯстӣ, Хуросон, Ховалинг ва Фархор нақшаи даъвати ҳарбиро дар рӯзи аввал 100% иҷро намуданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ дар чорабинии тантанавии Рӯзи даъватшаванда ҷавонони ба хизмати ҳарбӣ сафарбаршударо ба муносибати оғози марҳилаи нави ҳаёташон табрик намуда, таъкид карданд, ки ҳифзи Ватан яке аз вазифаҳои муҳими шаҳрвандӣ мебошад.
“Хизмати ҳарбӣ барои ҷавон мактаби муҳими обутоби ҷисмонӣ ва маънавӣ буда, дар ташаккули интизом, масъулиятшиносӣ, ҷасорат ва садоқат ба давлату миллат нақши муҳим мегузорад”, - навиштааст манбаъ аз қавли раиси вилоят.
Дар ин росто, ба масъулони шаҳру ноҳияҳо, комиссариатҳои ҳарбӣ ва сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки раванди даъвати тирамоҳиро дар доираи қонунгузорӣ, бо риояи шаффофият ва эҳтироми ҳуқуқу шаъну шарафи шаҳрвандон идома диҳанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазири рушди иқтисод ва савдо бо намояндаи Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея мулоқот намуд
Дастоварди табибони тоҷик: Аввалин бор дар кишвар ба як бемор рагҳои хунгарди сунъӣ гузошта шуд
Президенти кишвар ва Владимир Путин суҳбати телефонӣ карданд
Лавров: “Ихтилофи Толибон ва Покистон монеи ба даст омадани санади ниҳоии “Формати Маскав шуд”