Иштирокчиёни даври ¼ ниҳоии Лигаи миллатҳо маълум шуданд
Хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил дар магистратура ба Ҷопон фиристода мешаванд
Имрӯз бархе роҳҳо баста мешаванд
Тоҷикистон ташаббуси лоиҳаҳои муштарак барои ҳифзи кӯҳҳо ва чарогоҳҳоро пешниҳод кард
Раҷаб Аҳмадзода дар Панҷакент бо лоиҳаи сохтмони шабакаҳои оби нӯшокӣ ва полезӣ шинос шуд
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент дар деҳаҳои Кулолӣ, Артуч ва Зари Ҳисор бо лоиҳаи сохтмони шабакаҳои оби нӯшокӣ ва полезӣ шинос шуд.
Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, лоиҳаҳо бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва шарикони рушд амалӣ шуда истодаанд.
“Бо обёрии заминҳо боғҳои писта васеъ карда шуда, заминҳои азхудшуда барои кишти картошка истифода бурда хоҳад шуд”, - навиштааст манбаъ.
Иттилоъ дода мешавад, ки Раҷаб Аҳмадзода инчунин, бо тарзи истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва кишти такрорӣ дар хоҷагии деҳқонии «Меҳнатобод»-и деҳаи Сӯфиён шинос шуд.
Гуфта мешавад, ки баъди ҷамъоварии ҳосили аввал кишоварзону деҳқонон ҳар қитъаи заминро самаранок истифода бурда, дар кишти такрорӣ сабзӣ, қаламфури булғорӣ ва дигар маҳсулоти кишоварзиро парвариш менамоянд.
Ба гуфтаи масъулину мутахассисони соҳа, аз кишти аввал 10-20 намуди маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ гардида, ба бозорҳои истеъмолии вилоят ва пойтахти мамлакат пешниҳод шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Баҳси ҷадид дар парлумони Озарбойҷон: қатъи маблағгузории давлатии мактабҳои русӣ
Вазорати хориҷии Покистон: миёнаравӣ миёни Вашингтон ва Теҳрон идома дорад
Гандӣ: “Бо Исроил равобити стратегӣ дорем”
Русия: 275 ҳавопаймои бесарнишини Украинаро дар як шаб сарнагун кардем