30 Сентябр 2026,
чоршанбе, 16:16, Душанбе
30.09.2026 15:26

ИМА аз поёни миссияи низомӣ дар Ироқ хабар дод

Пентагон иддао мекунад, ки ИМА ва шариконаш бо хуруҷи неруҳо ва таҷҳизоти эътилоф аз Пойгоҳи ҳавоии Эрбил, ба миссияи низомии худ дар Ироқ поён додаанд.

Шон Парнелл, сухангӯи Пентагон, дар як изҳорот иддао кард, ки Иёлоти Муттаҳида ва шариконаш дар эътилофи байналмилалӣ амалиёти “Азми қавӣ” алайҳи гурӯҳи террористии ДОИШ дар Ироқро расман ба анҷом расондаанд.

Пентагон, инчунин, иддао кард, ки неруҳо ва таҷҳизоти эътилофи таҳти раҳбарии ИМА дар доираи анҷоми ин миссияи 12-сола Пойгоҳи ҳавоии Эрбилро тарк кардаанд.

Бар асоси изҳороти Пентагон, неруҳои амниятии Ироқ, аз ҷумла Неруҳои пешмарга ва дигар сохторҳои амниятӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ, аз ин ба баъд нақши асосиро дар таъмини амнияти кишвар бар уҳда хоҳанд дошт.

Дар идомаи ин изҳорот омадааст, ки Пентагон ҳамчунон ба шарикони ироқии худ омӯзишҳои ҳадафманд ва кумакҳои иттилоотӣ пешниҳод хоҳад кард.

Рӯзи гузашта Яҳё Расул, сухангӯи Вазорати дифои Ироқ, низ хабар дода буд, ки дигар ҳеч неруи эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии ИМА дар қаламрави Ироқ ҳузур надорад.

Бо ин ҳол, “Уолл стрит журнал” (The Wall Street Journal) субҳи имрӯз гузориш дод, ки бархе низомҳои дифоъи ҳавоӣ ва неруҳои дарёии ИМА ҳанӯз дар Ироқ боқӣ мондаанд.

Ҳамин тавр, дар ҳоле ки Пентагон аз анҷоми миссияи низомии эътилоф дар Ироқ хабар медиҳад, гузориши “The Wall Street Journal” аз боқӣ мондани бархе неруҳо ва таҷҳизоти низомии Амрико дар ин кишвар дарак медиҳад.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

30.09.2026 15:04

Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд

Мақомоти Тоҷикистону Қатар масъалаи сармоягузорӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки иқтисодии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар мулоқоти мақомоти ду кишвар раванди иҷрои лоиҳаи “Диёри Душанбе” мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
30.09.2026 14:33

Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст

Гардиши тиҷорати Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли 2026 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми савдои ду кишвар дар ин давра ба тақрибан 855 миллион доллар расидааст.
30.09.2026 06:37

Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд

Маркази хабарнигорони Афғонистон эълом кардааст, ки аз замони тасаллути гурӯҳи террористии Толибон дар соли 2021, тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ ба иттиҳоми риоя накардани дастурҳои сахтгиронаи расонаии ин гурӯҳ боздошт ё зиндонӣ шудаанд.
29.09.2026 17:39

Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ пешниҳод намуд, ки саноати нимноқилҳову батареяи мошинҳои барқии ин кишварро метавонад бо металлҳои нодир ва ранга таъмин кунад.