Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”
Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Давоми ҳашт моҳи соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоҳати 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,3 дарсад зиёд мебошад.
Бинобар иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯйи ҳаҷми манзили ба истифода додашуда вилояти Суғд бо 370,4 ҳазор метри мураббаъ пешсаф буда, 37,2 дарсади ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад. Ба вилояти Хатлон 263,3 ҳазор метри мураббаъ, шаҳри Душанбе 275,3 ҳазор ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 77,8 ҳазор метри мураббаъ рост меояд.
Гуфт мешавад, ки дар кишвар дар баробари сохтмони манзил, сохтмони иншооти иҷтимоӣ низ идома дорад. Дар моҳҳои январ-августи соли 2026-ум 14 мактаби таҳсилоти умумӣ барои 21 ҳазору 109 хонанда ба истифода дода шудааст. Қисми зиёди ҷойҳои нави мактабӣ ба вилояти Хатлон бо 11 ҳазору 623 ҷой рост меояд.
Афзуда мешавад, ки дар ҳамин давра муассисаҳои томактабӣ низ барои 4 ҳазору 492 кӯдак сохта ба истифода дода шудаанд. Аз ин шумора, 3 ҳазору 564 ҷой ба вилояти Хатлон, 368 ҷой ба вилояти Суғд ва 560 ҷой ба шаҳри Душанбе рост меояд.
Ҳамзамон, дар кишвар муассисаҳои табобатӣ бо 445 ҷойи қабули беморон мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки бештари ин иқтидор ба вилояти Хатлон бо 389 ҷой рост меояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Президенти Сербистон истеъфо дод