Тоҷикистон низоми идоракунии рақамӣ ва истифодаи ҳуши маснуӣ дар соҳаи энергетикаи Қазоқистонро меомӯзад
Баррасии масъалаи сохтмони неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ миёни Тоҷикистону Бонки Исломии Рушд
Бонки амрикоии EXIM Bank омодааст “хавфҳои иқтисодии” Тоҷикистонро бозбинӣ кунад
Барои бунёди зеристгоҳи нави барқӣ санги асос гузошта шуд
Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Як манбаи баландпояи амниятии Эрон гузоришҳои расонаҳои ғарбӣ дар бораи музокироти миёни Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро “дурӯғ” хондааст.
Ин манбаи амниятӣ дар суҳбат бо шабакаи “Ал-Маёдин” гуфтааст, ки Эрон ҳафт шарти худро ба ҷониби Амрико расонда ва ҳоло “тӯб дар майдони Амрико” аст.
Ӯ ҳамчунин, дар бораи идомаи баста мондани тангаи Ҳурмуз гуфтааст, ки сабаби ин вазъ “иҷро нашудани уҳдадориҳо аз ҷониби амрикоиҳо” мебошад.
Ба гуфтаи ин мақоми эронӣ, вазъи тангаи Ҳурмуз бо нашри паём дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хабарҳои расонаҳои наздик ба Кохи сафед ё фишор тағйир нахоҳад кард. Ӯ таъкид кардааст, ки ин танга “ҳеч гоҳ бо чунин роҳҳо боз нахоҳад шуд”.
Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки пойгоҳи хабарии “Аксиос” ахиран гузориш дода буд, ки мақомҳои Эрон ва Амрико дар ҳошияи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк бо ҳам гуфтугӯ кардаанд ва қарор аст машваратҳо миёни ду ҷониб дар ояндаи наздик идома ёбанд.
Аммо ин манбаи баландпояи амниятии Эрон чунин гузоришҳоро рад карда ва онҳоро “хабарсозӣ” ва “дурӯғ” номидааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Трамп: “38 пули Эрон дар тирраси мост / Ироқчӣ: “Бароятон ҷаҳаннам барпо мекунем
Раёсати созмони СААД ба Тоҷикистон мегузард. Президентҳои аъзои СААД дар Маскав чиро баррасӣ мекунанд?
Намояндаи Путин бо Толибон дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва мубориза бо маводи мухаддир гуфтугӯ кард
Сафари кории Президенти кишвар ба Федератсияи Русия