24 Сентябр 2026,
панҷшанбе, 15:12, Душанбе
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.

Ин асар натиҷаи кори як рассом нест. Дар офаридани он беш аз 400 рассом, ҳунарманд ва мутахассис аз панҷ минтақаи Чин - Синхай, Тибет, Гансу, Сичуан ва Юннан  иштирок кардаанд. Аз оғози таҳияи идея то анҷоми ҷилди аввал 27 сол гузашт.

Ҳоло ин асар дар Осорхонаи фарҳанги тибетии Синхай дар шаҳри Синин ба намоиш гузошта мешавад.

Аз идея кучак то асари бузург

Муаллифи асосӣ ва роҳбари лоиҳа устоди санъати анъанавии тибетӣ Сзунчжэ Латсзе (宗者拉杰)мебошад.

Тибқи маълумот, Латсзе аз соли 1972 ба ҷамъоварии маводи таърихӣ ва фарҳангӣ шуруъ кардааст. Ӯ мехост таърихи мардуми Тибетро тавассути забони тханка - санъати анъанавии тасвирии тибетӣ ба наслҳои баъдӣ расонад.

Лоиҳа тадриҷан қолаби дигар гирифт. Латсзе аввалин эскизҳои худро худаш таҳия кард ва баъдтар барои иҷрои он гурӯҳи рассомон ва мутахассисонро ҷамъ овард. Соли 1996 кумитаи эҷодии лоиҳа таъсис ёфт. Мутахассисон дар минтақаҳои гуногуни тибетнишин маълумот ҷамъ карданд ва мундариҷаи асар борҳо бозбинӣ шуд.

Дар натиҷа, андозаи пешбинишудаи асар аз 300 метр ба 618 метр расид.

618 метр тасвир

Ҷилди аввали “Панорама” 618 метр дарозӣ ва 2,5 метр паҳноӣ дорад. Масоҳати он беш аз 1 500 метри мураббаъ буда, вазнаш тақрибан 1,5 тонна аст.

Дар он беш аз 700 тасвири тханка ва зиёда аз 183 ҳазор тасвири инсонӣ ҷой гирифтааст. Дар ду канори рӯйхат зиёда аз 3 000 нақши ороишӣ истифода шудааст.

Мавзуъҳои асар низ гуногунанд: таърих ва дин, фарҳанг ва санъат, тиб, астрономия, ҷуғрофия, афсонаҳо ва урфу одатҳои мардумӣ.

Ба ҳамин далел, расонаҳои чинӣ онро энсиклопедия”-и тасвирии фарҳанги тибетӣ меноманд.

Ранг аз тилло, нуқра ва сангҳои қиматбаҳо

Қисми дигари ҷолиби асар маводи истифодашуда аст.

Тибқи маълумот барои рангубори он аз тилло, нуқра, марворид, марҷон ва ақиқ истифода шудааст. Дар баробари маводи минералӣ, баъзе пигментҳо аз растаниҳо, аз ҷумла заъфарон ва рубарб, омода шудаанд.

Ҳадаф аз истифодаи чунин мавод танҳо ба даст овардани рангҳои дурахшон набуд. Ин пигментҳои табиӣ ҳангоми нигоҳдории мувофиқ метавонанд муддати хеле дароз хусусияти худро нигоҳ доранд.

Рекорди ҷаҳонӣ

Ҷилди аввали асар моҳи сентябри соли 1999 ба анҷом расид. Баъд аз чанд моҳ, моҳи декабри ҳамон сол, он ба Great World Guinness ворид шуд ва ҳамчун дарозтарин тханкаи ҷаҳон муаррифӣ гардид.

Аммо барои Латсзе ин анҷоми кор набуд. Соли 2005 ӯ ба таҳияи ҷилди дуюми асар шуруъ кард. Ҷилди дуюм соли 2019 ба анҷом расид, ки 410 метр дарозӣ дорад.  Соли 2025 расонаҳои чинӣ хабар доданд, ки ҷилди дуюм низ дар Осорхонаи фарҳанги тибетии Синхай ҷойгир карда шудааст. Ҳамин тавр, ду ҷилди асар ба ҳам омаданд ва дарозии умумии онҳо ба 1 028 метр расид. Барои офаридани ду ҷилд беш аз 430 рассом иштирок кардаанд.

Журналистони Осиёи Марказӣ дар тамошои он

Ин асар дар маркази таваҷҷуҳи меҳмонони Осиёи Марказӣ низ қарор гирифт.

17-уми сентябри соли 2026 дар Синин барномаи Ҳамдилона ба сӯйи оянда - 2026: насли Z-и Осиёи Марказӣ ба пойтахти тобистонаи Чин оғоз шуд. Дар он беш аз 40 ҷавонон ва намояндагони расонаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок карданд.

Дар доираи барнома меҳмонон аз Осорхонаи фарҳанги тибетии Синхай, Маркази намоишгоҳи шаҳрии Синин, Боғи ҳайвоноти ваҳшии Синин ва Осорхонаи мероси фарҳангии ғайримоддии шаҳр боздид карданд.

Барои иштирокдорон ин боздид ба шиносоии як ҷузъи фарҳанги минтақа имкон дод: фарҳанге, ки дар тханкаи 618-метра бо тасвири таърих, дониш ва зиндагии мардум нақл мешавад.

Таърих дар рӯйхат

Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин имрӯзҳо як экспонати бузурги осорхона аст.Ин асар нишон медиҳад, ки чӣ гуна санъати анъанавӣ метавонад барои ҳифзи хотираи фарҳангӣ истифода шавад. Барои эҷоди ҷилди аввал 27 сол лозим шуд: баъд аз он кори Латсзе идома ёфт ва лоиҳа ба як маҷмуаи беш аз яккилометра табдил ёфт.

Ҳангоми нигоҳ кардан ба ин асар шояд аввал миқёси он ба назар расад: 618 метр дар як ҷилд ва 1028 метр дар ду ҷилд.

Аммо ин рақамҳо бо як идеяи ҷолиб таърихро нишон медиҳад: идеяи ба тасвир овардани фарҳанг барои он ки наслҳои баъдӣ онро да баробари хондан, бубинанду ҳаловат баранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.
24.09.2026 09:44

Покистон ба нуқтаҳое дар Афғонистон ҳамла кард

Атоуллоҳ Тарор, вазири иттилооти Покистон, эълом кардааст, ки ин кишвар дар ҷавоб ба ҳамлаҳои паҳподӣ, ки як рӯз қабл аз ҷониби гурӯҳи террористии Толибон анҷом шуда буд, ба 10 нуқта дар саросари Афғонистон ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом додааст.
24.09.2026 08:23

Покистон аз сарнагунсозии ҳашт ҳавопаймои бесарнишини мансуб ба Толибон хабар дод

Расонаҳои покистонӣ гузориш додаанд, ки неруҳои амниятии ин кишвар ҳашт ҳавопаймои бесарнишини мансуб ба гурӯҳи террористии Толибонро пас аз ворид шудан ба ҳарими ҳавоии Покистон дар наздикии марзи Турхам ва шаҳри Куҳот сарнагун кардаанд.
23.09.2026 18:07

Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд

Раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский аз кишварҳои ғарбӣ хост фишор ва таҳримҳо алайҳи Русияро идома диҳанд. Ӯ ин дархостро дар ҳоле баён кард, ки барои иштирок дар нишастҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк қарор дорад.
23.09.2026 18:01

“Ню-Йорк таймз” дурӯғҳои Трамп дар бораи нафт, Венесуэла ва Ғазза дар СММ-ро фош кард

Рӯзномаи “Ню-Йорк таймз” дар гузориши хабарие суханронии Доналд Трамп дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси захираҳои нафт, ҷанги Ғазза ва мубориза бо маводи мухаддир ва чанд иддаоҳои муболиғаомези ӯро мавриди санҷиш қарор дода, дурӯғ будани онҳоро фош намудааст.
23.09.2026 15:45

Мунтахаби футболи Тоҷикистону Озарбойҷон дар Боку бозии дӯстона анҷом медиҳанд

Мунтахаби футболи Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Боку бо мунтахаби футболи Озарбойҷон бозии дӯстона анҷом медиҳад. Мулоқоти ду тим соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ дар варзишгоҳи «Palms Sports Arena» доир мешавад.