Сарвазири Испания ҷанги Исроил дар Ғаззаро “наслкушӣ” хонд
Покистон ба нуқтаҳое дар Афғонистон ҳамла кард
Покистон аз сарнагунсозии ҳашт ҳавопаймои бесарнишини мансуб ба Толибон хабар дод
Тими футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз мунтахаби Озорбойҷон шикаст хурд
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Аҳмад аш-Шараъ, раиси ҷумҳури муваққати Сурия, таъкид кардааст, ки Баландиҳои Ҷӯлон ҳамчунон хоки Сурия боқӣ хоҳад монд.
Расонаҳои байналмилалӣ субҳи рӯзи панҷшанбе, 24-уми сентябр, гузориш додаанд, ки Аҳмад аш-Шараъ ин нуктаро дар суханронии худ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид баён кардааст.
Бар асоси гузориш, Аҳмад аш-Шараъ гуфтааст, ҳар гуна талоше, ки соҳибихтиёрии Сурияро нақз кунад ва хилофи қонунҳои байналмилалӣ бошад, боздошта хоҳад шуд.
Ӯ афзудааст, ки “Исроил алайҳи Сурия даст ба ҳамла мезанад” ва таъкид кардааст, ки бо вуҷуди “таҷовузҳои” пайдарпайи Исроил, “имкони сулҳ ва амният барои касоне, ки мехоҳанд дар сулҳ зиндагӣ кунанд, фароҳам аст”.
Ин дар ҳолест, ки Исроил аз замони ҷанги арабҳо ва Исроил дар соли 1967 Баландиҳои Ҷӯлонро дар ишғоли худ дорад ва соли 1981 ин минтақаро ба қаламравҳои таҳти ҳокимияти худ ҳамроҳ кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Дар Душанбе Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ (CAPIF-5) оғоз шуд
Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Сарвазири Испания ҷанги Исроил дар Ғаззаро “наслкушӣ” хонд