Дар пойтахт корхонаи коркарди металлҳои қиматбаҳо ва истеҳсоли ҷавоҳирот ифтитоҳ шуд
Сарвари давлат бинои шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Омӯзиши асосҳои зеҳни сунъӣ дар мактабҳои миёна чӣ гуна ба роҳ монда мешавад?
Аз мағоза 10 ҳазор сомонӣ рабуд. Боздошти ҷавоне бо гумонӣ дуздӣ дар Душанбе
Рақобати 155 довталаб. Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм, 21-уми сентябр дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳ муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода таъкид намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» имсол бори аввал дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор гардида, ҳадафи он ҷалби бештари аҳолӣ, махсусан насли наврасу ҷавон ба омӯзишу мутолиаи «Шоҳнома» ва арҷгузорӣ ба мероси адабию фарҳангии миллӣ мебошад.
Манбаъ навиштааст, ки дар шаҳри Душанбе дар даври якуми озмун 58 ҳазору 210 нафар иштирок намуда, 6 ҳазору 453 нафар ба даври дуюм роҳ ёфтанд. Дар натиҷаи даври дуюм 155 нафар иштирокчӣ бо назардошти ҷойҳои ифтихорӣ ба даври сеюми озмун роҳхат гирифтанд.
Афзуда мешавад, ки даври сеюми озмун аз 21-ум то 29-уми сентябр дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» баргузор мегардад.
Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, 21-22-уми сентябр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, синфҳои 1-4, 23-24-уми сентябр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, синфҳои 5–8, 25-26-уми сентябр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, синфҳои 9-11 ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, синфҳои 10-11, 26-27-уми сентябр донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ - бакалавр ва магистр ва 28-уми сентябр омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантон, инчунин калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун дар озмун иштирок мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи таъсиси корхонаҳои саноатӣ гуфтугӯ карданд
Тоҷикистон барои ҳамгироӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ талош дорад
Як ширкати қазоқӣ дар Тоҷикистон аз қаъри замин кони металҳои рангаро ҷустуҷӯ мекунад
Shohin Airlines ба чор минтақаи кишвар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад