Рӯдакӣ дар чашми расонаҳои Эронӣ: аз “падари шеъри форсӣ” то намоди фарҳангии муштараки Эрону Тоҷикистон
Эрдуғон мегӯяд ҳаққи вето дар Шурои амнияти СММ лағв шавад
Рекордшикании ҳизби Путин. Русияи воҳид 355 курсии Думаи давлатиро ба даст овард
Ройтерз: Русия содироти сӯзишвории дизелӣ ба Тоҷикистонро афзоиш додааст
107 варзишгари тоҷик барои ширкат дар бозиҳои осиёӣ ба Ҷопон рафтанд
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкат дар Бозиҳои XX-и осиёӣ, ки охири моҳи сентябр дар Ҷопон баргузор мешавад, як ҳайати 187 нафара фиристод. Дар миёни ин ҳайат 107 варзишгар бо рақибони худ рақобат хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, ки гурӯҳи варзишии Тоҷикистон барои ба даст овардани медал дар 22 навъи варзиш рақобат мекунанд.
Тибқи иттилоъ, бозиҳои осиёӣ аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳрҳои Нагоя ва Айчӣ баргузор мешавад. Ин бозӣ яке аз муҳимтарин мусобиқаҳои варзишии қитъаи Осиё ба шумор меравад.
Дар вақти гусели варзишгарони тоҷик ба мусобиқаи варзишӣ, муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ таъкид намуд, ки ширкат дар ин мусобиқа фақат ба хотири ба даст овардани медал нест. Ӯ зикр кард, ки варзишгарон бояд фарҳанг ва арзишҳои миллии Тоҷикистонро муаррифӣ кунанд
Зулфиқор Гулмаҳмадзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки натиҷаи баромади варзишгарон аз омодагии онҳо, кори мураббиён ва масъулияти худи варзишгарон вобаста мебошад.
Муштзани тоҷик Мижгона Самадова дар ин бозиҳо парчамбардори ҳайати Тоҷикистон хоҳад буд.
Дар соли 2022, дар бозиҳои осиёӣ, ки дар шаҳри Ханҷоуи Чин доир гардид, кишвари Тоҷикистон дар риштаи ҷудо се медал- тилло, нуқра ва биринҷиро ба даст оварда буд.
Дар бозиҳои гузаштаи осиёӣ Сомон Маҳмадбеков сазовори ҷои аввал, Темур Раҳимов сазовори ҷойи дуюм ва Беҳрӯз Хоҷазода сазовори ҷойи сеюм шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
БОР ба соҳаи тандурустии Тоҷикистон 43, 27 миллион доллар грант ҷудо кард
Рӯдакӣ дар чашми расонаҳои Эронӣ: аз “падари шеъри форсӣ” то намоди фарҳангии муштараки Эрону Тоҷикистон
Эрдуғон мегӯяд ҳаққи вето дар Шурои амнияти СММ лағв шавад
Рекордшикании ҳизби Путин. Русияи воҳид 355 курсии Думаи давлатиро ба даст овард