Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Номаи Месси ба падараш: “Ман намедонам бе ту чӣ кор мекунам”
Лео Месси, футболбози аргентинӣ пас аз чор рӯзи даргузашти падараш Хорхе Месси дар саҳифаи расмиаш дар Инстаграм номаи пуралам навишт.
“Падар, ман то ҳол бовар карда наметавонам, ки ту дигар дар байни мо нестӣ. Ман ҳанӯз ҳам ин воқеаро пурра дарк накардаам ё дурусттараш дарк кардан намехоҳам. Барои ман хеле душвор аст тасаввур кардан, ки дигар ҳеҷ гоҳ туро намебинам ва мо дигар бо ҳам суҳбат намекунем”, - оғоз кардааст Месси.
Дар идомаи мактабаш Месси иброз медорад, ки падараш пеш аз Ҷоми ҷаҳон-2026 бемор шуд ва барои тамошои бозиҳои писараш нарафт. Ишора мекунад, ки кӯшиш кард, дар охирин Ҷоми ҷаҳон қаҳрамон шавад ва ҷоми қаҳрамониро ба падари бемораш биёрад, вале натавонист.
“Пойҳоям дигар қувват накарданд, ҷисмам бардошт накард, ман финалро бохтам, падар”, - афзудааст ӯ.
“ Ман намедонам бе ту чӣ кор мекунам. Намедонам, ки чӣ гуна идома медиҳам. Тамоми умрам танҳо ба футбол машғул будам ва ҳоло сахт шубҳа дорам, ки оё метавонам муддати дароз боз ба ин кор машғул шавам. Ту аз аввал дар паҳлуям будӣ ва то охир ҳамагӣ каме монда буд. Чаро натавонистӣ боз каме сабр кунӣ, то мо ҳама чизро якҷоя ба анҷом расонем?”, - навиштааст футболбоз.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”