Ҳимояти Бритониё аз режими Исроил дар Маҷмаи Умумӣ
Иддаои Уиткофф: “ИМА ва Эрон тавассути миёнаравҳо музокироти тӯлонӣ анҷом доданд”
Трамп иддао кард, ки ҳайати амрикоӣ бо ҳайати эронӣ се соат гуфтугӯ кард
Эрдуғон мегӯяд ҳаққи вето дар Шурои амнияти СММ лағв шавад
Осиф Дуронӣ: “Паймони дифоъии Покистон, Арабистони Саудӣ ва Туркия фаротар аз як тавофуқи низомӣ аст”
Осиф Дуронӣ, намояндаи вижаи пешини Покистон дар умури Афғонистон, мегӯяд паймони дифоъӣ миёни Покистон, Арабистони Саудӣ ва Туркия, фаротар аз як тавофуқи низомӣ аст.
Дуронӣ рӯзи ҷумъа, 7-уми август, дар сафҳаи “Х” навиштааст, ки бо коҳиши вобастагии кишварҳо ба таъминкунандагони амниятии хориҷ аз минтақа, қудратҳои минтақаӣ масъулияти бештаре барои таъмини субот ва амнияти худ бар уҳда мегиранд.
Ӯ афзудааст, ки паймони дифоъӣ миёни Покистон, Арабистони Саудӣ ва Туркия метавонад “нахустин санги бинои мустаҳкам”-и як сохтори амниятии навзуҳур барои ҷануб ва ғарби Осиё бошад.
Дуронӣ гуфтааст, дар сурате ки ин раванд идома пайдо кунад, замина барои расидагӣ ба муноқишаҳои деринаи минтақа низ фароҳам хоҳад шуд.
Ӯ аз масъалаи Фаластин ба унвони яке аз даргириҳои чанд даҳсола ёд карда ва гуфтааст, ки ин гуна масоил метавонад аз тариқи рӯйкарде бо меҳварияти бештари кишварҳои минтақа мавриди баррасӣ қарор гирад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Ню-Йорк таймз” дурӯғҳои Трамп дар бораи нафт, Венесуэла ва Ғазза дар СММ-ро фош кард
Мунтахаби футболи Тоҷикистону Озарбойҷон дар Боку бозии дӯстона анҷом медиҳанд