Ҳимояти Бритониё аз режими Исроил дар Маҷмаи Умумӣ
Иддаои Уиткофф: “ИМА ва Эрон тавассути миёнаравҳо музокироти тӯлонӣ анҷом доданд”
Трамп иддао кард, ки ҳайати амрикоӣ бо ҳайати эронӣ се соат гуфтугӯ кард
Эрдуғон мегӯяд ҳаққи вето дар Шурои амнияти СММ лағв шавад
Арабистони Саудӣ, Туркия ва Покистон паймони муштараки дифоӣ имзо мекунанд
Расонаҳои байналмилалӣ гузориш додаанд, ки Туркия қарор аст ба паймони муштараки дифоии Арабистони Саудӣ ва Покистон бипайвандад ва раҳбарони се кишвар рӯзи ҷумъа дар шаҳри Ҷидда созишномаи марбутро имзо кунанд.
Ба гузориши хабаргузории “Франс Пресс”, як манбаи наздик ба артиши Арабистони Саудӣ, ки ба далели надоштани иҷозаи суҳбат бо расонаҳо нахостааст номаш гирифта шавад, гуфтааст, ки Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия ва Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, рӯзи ҷумъа созишномаи муштараки дифоиро дар Ҷидда имзо хоҳанд кард.
Ба гуфтаи ин манбаъ, гуфтугӯҳо дар бораи чунин паймон хеле вақтҳо идома дошт, аммо таҳаввулоти ахири минтақа раванди ниҳоӣ шудани онро суръат бахшидааст.
Ин таҳаввул дар ҳоле сурат мегирад, ки танишҳои минтақаӣ дар ҳоли афзоиш аст ва тайи моҳҳои гузашта гуфтумонҳо дар бораи талоши ин се кишвар барои ташкили як эътилофи қавитар бештар шудааст.
Бар асоси иттилои раёсати ҷумҳурии Туркия, Шаҳбоз Шариф ва генерал Осим Мунир, фармондеҳи артиши Покистон, рӯзи панҷшанбе вориди Арабистони Саудӣ шудаанд. Интизор меравад Раҷаб Тайиб Эрдуғон низ рӯзи ҷумъа ба Ҷидда сафар кунад.
Арабистони Саудӣ ва Покистон қаблан бар асоси як созишномаи муштараки дифоӣ, ки соли 2025 эълон шуда буд, ҳампаймон шудаанд. Ин созишнома, ба эҳтимоли дар бар доштани банде вобаста ба ҳамкориҳои ҳастаӣ, таваҷҷуҳи густардаеро ба худ ҷалб карда буд.
Дар моҳи январи соли равон, як манбаи наздик ба артиши Арабистони Саудӣ ба “Франс Пресс” гуфта буд, ки Туркия ба ин паймони дифоӣ намепайвандад. Аммо дар ҳамон замон як мақоми турк эълом карда буд, ки Анқара барои пайвастан ба ин эътилоф дар ҳоли гуфтугӯ аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Ню-Йорк таймз” дурӯғҳои Трамп дар бораи нафт, Венесуэла ва Ғазза дар СММ-ро фош кард
Мунтахаби футболи Тоҷикистону Озарбойҷон дар Боку бозии дӯстона анҷом медиҳанд