Ҳимояти Бритониё аз режими Исроил дар Маҷмаи Умумӣ
Иддаои Уиткофф: “ИМА ва Эрон тавассути миёнаравҳо музокироти тӯлонӣ анҷом доданд”
Трамп иддао кард, ки ҳайати амрикоӣ бо ҳайати эронӣ се соат гуфтугӯ кард
Эрдуғон мегӯяд ҳаққи вето дар Шурои амнияти СММ лағв шавад
Ҳамлаҳои ҳусиҳо дар Яман дастикам 30 неруи ҳукуматиро кушт
Манобеи ҳукуматии Яман ба хабаргузории “Ройтерз” гуфтаанд, ки дар пайи ҳамлаҳои гурӯҳи ҳусиҳо ба чандин пойгоҳи низомӣ дар вилоятҳои Мариб ва Ҳазрамавт, дастикам 30 неруи вобаста ба ҳукумат кушта шудаанд.
Неруҳои изтирории Яман, вобаста ба ҳукумат, дар баёнияе, ки рӯзи панҷшанбе, 6-уми август нашр кардаанд, гуфтаанд, ки ҳусиҳо чандин урдугоҳ ва воҳиди низомӣ, аз ҷумла пойгоҳҳои неруҳои изтирорӣ ва дигар неруҳои мусаллаҳро ҳадаф қарор додаанд.
Дар ин баёния омадааст, ки ин ҳамлаҳо талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ бар ҷой гузоштааст.
Манобеи ҳукуматии Яман афзудаанд, ки эҳтимол дорад шумори кушташудагон афзоиш ёбад.
Ҷанги Яман дар соли 2014 пас аз қудратгирии ҳусиҳо ва тасарруфи Санъо, пойтахти ин кишвар, оғоз шуд.
Ин даргириҳо то кунун ҳазорон кушта ва миллионҳо овора бар ҷой гузошта ва талошҳои байналмилалӣ барои дастёбӣ ба як сулҳи пойдор ҳанӯз ба натиҷа нарасидааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Ню-Йорк таймз” дурӯғҳои Трамп дар бораи нафт, Венесуэла ва Ғазза дар СММ-ро фош кард
Мунтахаби футболи Тоҷикистону Озарбойҷон дар Боку бозии дӯстона анҷом медиҳанд