Дар пойтахт корхонаи коркарди металлҳои қиматбаҳо ва истеҳсоли ҷавоҳирот ифтитоҳ шуд
Сарвари давлат бинои шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Омӯзиши асосҳои зеҳни сунъӣ дар мактабҳои миёна чӣ гуна ба роҳ монда мешавад?
Аз мағоза 10 ҳазор сомонӣ рабуд. Боздошти ҷавоне бо гумонӣ дуздӣ дар Душанбе
Маориф. Тоҷикистону Корея омӯзиши зеҳни сунъӣ, барномасозӣ ва саводнокии рақамиро баррасӣ карданд
Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо ҳайати Раёсати маорифи шаҳри Сеҷонги Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии директори Шуъбаи сиёсати мактабии раёсати мазкур Ҷунг Ҷонг - Пил мулоқот намуд.
Тавре ки Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, сафари ҳайати Раёсати маорифи шаҳри Сеҷонг ба шаҳри Душанбе дар доираи марҳилаи дуюми татбиқи барномаи KLIC сурат гирифта, ҳадафи он баланд бардоштани салоҳиятҳои рақамии омӯзгорони тоҷик, арзёбии натиҷаҳои корҳои анҷомдодашуда ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи ҳамкорӣ мебошад.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар марҳилаи якуми барнома, ки соли 2025 амалӣ гардид, ба панҷ муассисаи таълимӣ таҷҳизоти рақамӣ пешниҳод шуда, омӯзгорони тоҷик дар омӯзишҳо иштирок намуда, бо усулҳои муосири истифодаи технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим шинос гардиданд.
Зикр мегардад, ки зимни мулоқот масъалаҳои фарогирии муассисаҳои таълимии минтақаҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаҳои минбаъдаи барномаи KLIC ва роҳандозии барномаҳои муштараки такмили ихтисосу бозомӯзии омӯзгорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардиданд.
“Ҷонибҳо доир ба таъсис ва рушди платформаҳои рақамӣ, идомаи омӯзишҳои амалӣ дар самтҳои зеҳни сунъӣ, барномасозӣ ва саводнокии рақамӣ, таҳияи маводи муштараки таълимӣ ва дастурҳои методӣ барои омӯзгорон табодули назар намуданд”, - навиштааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи таъсиси корхонаҳои саноатӣ гуфтугӯ карданд
Тоҷикистон барои ҳамгироӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ талош дорад
Як ширкати қазоқӣ дар Тоҷикистон аз қаъри замин кони металҳои рангаро ҷустуҷӯ мекунад
Shohin Airlines ба чор минтақаи кишвар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад