24 Сентябр 2026,
панҷшанбе, 22:07, Душанбе
03.08.2026 11:53

Марде бародарашро бо корд захмӣ кард

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муноқишаи оилавие хабар дод, ки марде бародарашро ба корд захмӣ кардааст.

Манбаъ навиштааст, ки 1-уми августи соли равон, тахминан соати 21:30, сокини шаҳри Кӯлоб Ҳидоятулло Зарипов, соли таваллудаш 1985 ҳангоми дар манзили истиқоматиаш қарор доштан бо падар ва модараш муноқиша намуда, бо корди ошхона ба падару модараш таҳдид карда, баъдан бо ҳамин корд ба бародараш Зарипов М., соли таваллудаш 1994, шаш захм, аз ҷумла ба қафаси сина, зери манаҳ, паҳлуи гардан ва оринҷи дасти чап расонидааст.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ин ҳодиса ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шуда, таҳти назорати табибон қарор дорад.

ВКД меафзояд, ки Ҳидоятулло Зарипов қаблан бо моддаҳои 200 ва 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.