24 Сентябр 2026,
панҷшанбе, 03:14, Душанбе
29.07.2026 11:15

Амрико: Ҳамроҳ бо Арабистони Саудӣ ба мавозеи гурӯҳҳои ниёбатии Эрон дар Ироқ ҳамла кардем

Артиши Амрико тасдиқ кардааст, ки ҳамроҳ бо неруҳои Арабистони Саудӣ ба мавозеи гурӯҳҳои ниёбатии Эрон дар Ироқ ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом додааст.

Фармондеҳии марказии артиши Амрико (СЕНТКОМ) субҳи чоршанбе, 29-уми июл, дар баёнияе гуфтааст, ки неруҳои Амрико ва Арабистони Саудӣ рӯзи 28-уми июл ҳамлаҳои дақиқеро алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Ироқ анҷом додаанд. Ба иддаои СЕНТКОМ, ин гурӯҳҳо аз сӯйи Эрон барои ҳамла ба неруҳои амрикоӣ ва зерсохтҳои энержии Арабистони Саудӣ ҳимоят ва ҳидоят мешаванд.

Дар ин баёния омадааст, ки ҷангандаҳои Амрико ва Арабистони Саудӣ дар посух ба беш аз 30 ҳамлаи паҳподӣ, ки тайи 72 соати гузашта сурат гирифтааст, чандин мавзеи логистикӣ ва анборҳои аслиҳаи ин гурӯҳҳоро дар шарқи Ироқ ҳадаф қарор додаанд.

СЕНТКОМ ҳамчунин, иддао кардааст, ки ҳамлаҳои ахир ба неруҳои амрикоӣ ноком будааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, аз моҳи феврал то апрели соли 2026 гурӯҳҳои ниёбатии Эрон дар Ироқ беш аз 600 ҳамлаи номуваффақро алайҳи шаҳрвандон ва таъсисоти Амрико анҷом додаанд.

Дар поёни баёния омадааст, ки Эрон ва гурӯҳҳои ниёбатии он бояд ин ҳамлаҳоро мутаваққиф созанд, то аз вокуниши низомии бештари Амрико ҷилавгирӣ шавад.

Пеш аз интишори ин баёния, расонаҳои ироқӣ аз ҳамлаҳои ҳавоӣ ба пойгоҳҳои неруҳои “Ҳашд аш- Шаъбӣ” дар вилоятҳои Басра, Найнаво, Восит ва Карбало хабар дода буданд. То кунун мақомоти Ироқ ва гурӯҳҳои ҳадаф қароргирифта дар бораи ин ҳамлаҳо ё иддаоҳои СЕНТКОМ вокунише нишон надодаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

23.09.2026 18:07

Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд

Раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский аз кишварҳои ғарбӣ хост фишор ва таҳримҳо алайҳи Русияро идома диҳанд. Ӯ ин дархостро дар ҳоле баён кард, ки барои иштирок дар нишастҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк қарор дорад.
23.09.2026 18:01

“Ню-Йорк таймз” дурӯғҳои Трамп дар бораи нафт, Венесуэла ва Ғазза дар СММ-ро фош кард

Рӯзномаи “Ню-Йорк таймз” дар гузориши хабарие суханронии Доналд Трамп дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси захираҳои нафт, ҷанги Ғазза ва мубориза бо маводи мухаддир ва чанд иддаоҳои муболиғаомези ӯро мавриди санҷиш қарор дода, дурӯғ будани онҳоро фош намудааст.
23.09.2026 15:45

Мунтахаби футболи Тоҷикистону Озарбойҷон дар Боку бозии дӯстона анҷом медиҳанд

Мунтахаби футболи Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Боку бо мунтахаби футболи Озарбойҷон бозии дӯстона анҷом медиҳад. Мулоқоти ду тим соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ дар варзишгоҳи «Palms Sports Arena» доир мешавад.
23.09.2026 12:23

Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд

22-юми сентябр дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи 81-умин Иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷӣ ва равобити байналмилалии Подшоҳии Лесото Лимфо Ҷастис Тау мулоқот намуд.
23.09.2026 12:22

Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид

Дар ноҳияи Спитамен чорабинӣ баргузор шуда, дар доираи он ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.
23.09.2026 09:41

Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо роҳбари Дафтари минтақавии Гурӯҳи БИР вохӯрӣ кард

22-юми сентябр вазири рушди иқтисод ва савдо ва мудири кишварии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) аз Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо роҳбари навтаъини Дафтари минтақавии Гурӯҳи БИР Ҳаммад Зафар Ҳундал вохӯрӣ намуд.
23.09.2026 09:36

МОИ “Данғара” бо “Гомел-Ратон”-и Беларусия роҳҳои нави ҳамкориҳои логистикиро меҷӯяд

Раисони минтақаҳои озоди иқтисодии “Данғара”-и Тоҷикистон ва “Гомел-Ратон”-и Беларус дар хусуси рушди ҳамкории логистикӣ, ҷалби сармоя ва густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ гуфтугӯ намуданд.
23.09.2026 09:24

Ҳимояти Бритониё аз режими Исроил дар Маҷмаи Умумӣ

Энди Бернем, сарвазири Бритониё дар суханронӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки кишвараш дар муқобили таҳдидҳо алайҳи Исроил ва яҳудиён дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла аз ҷониби Эрон, дар канори Исроил меистад.
23.09.2026 09:06

Иддаои Уиткофф: “ИМА ва Эрон тавассути миёнаравҳо музокироти тӯлонӣ анҷом доданд”

Стив Уиткофф, фиристодаи вижаи президенти ИМА дар умури Ховари Миёна мегӯяд, ки намояндагони Амрико ва Эрон дар ҳошияи нишастҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк тавассути миёнаравҳо музокироти тӯлонӣ анҷом додаанд.