Муовини Трамп: Ҷанг бар зидди Эрон ва ҳамкорӣ бо Исроил далели шикаст дар интихобот аст
Путин: “Забони русӣ омили ҳифзи давлатдорӣ ва ваҳдати халқҳои Русия аст”
Толибон 650 навъи асбоби мусиқиро дар Хӯст оташ задаанд
Обама пас аз пирӯзии демократҳо: Мардуми Амрико хостори поёни тафриқаанд
Вазирони хориҷаи Эрон аз эҷоди ҳукумати фарогир дар Афғонистон ҳимоят кард
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон, гуфтааст, ки Теҳрон аз ҳар ибтикоре, ки сабаби шаклгирии Афғонистони босубот ва эҷоди ҳукумати фарогир дар ин кишвар шавад, ҳимоят мекунад.
Расонаҳои Эрон гузориш додаанд, ки Ироқчӣ, ин мавзуъро дар нишасти вазирони хориҷаи Созмони ҳамкории Шанхай дар Қирғизистон баён кардааст.
Бар асоси гузориш, Ироқчӣ гуфта, ки таҳаввулоти Афғонистон ҳамчунон яке аз муҳимтарин мавзуъҳои муштараки амниятӣ ва тавсеаӣ дар ҳавзаи Созмони ҳамкории Шанхай аст.
Ӯ афзудааст: “Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо таваҷҷуҳ ба пайвандҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва тамаддунии амиқ бо мардуми Афғонистон…. аз ҳар ибтикоре, ки ба шаклгирии Афғонистони амн, босубот, тавсеаёфта, орӣ аз терроризм ва бархӯрдор аз ҳукумати фарогир сабаб шавад, ҳимоят мекунад”.
Ироқчӣ ҳамчунин, хостори ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии кишварҳои минтақа дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, қочоқи маводи мухаддир ва чолишҳои инсонӣ дар Афғонистон шудааст.
Ин дар ҳоле аст, ки Теҳрон пас аз тасаллути дубораи гурӯҳи террористии Толибон бар Афғонистон, равобити наздик бо ин гурӯҳ эҷод кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳушдори Русия ба Аврупо: ҷойгир кардани неру ва амалиётӣ низомӣ Баҳри Сиёҳро ноором мекунад
Муовини Трамп: Ҷанг бар зидди Эрон ва ҳамкорӣ бо Исроил далели шикаст дар интихобот аст
Сафири Русия: Тақрибан 40 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд
Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро ба рӯйхати таҳримҳои зидди Эрон шомил кард