23 Октябр 2026,
ҷумъа, 09:40, Душанбе
23.10.2026 08:42

Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларусия ба Тоҷикистон таҷҳизоти низомӣ ирсол мекунанд

Кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) тасмим гирифтаанд, ки барои тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба ин кишвар силоҳ ирсол кунанд.

Дар миёни кишварҳои аъзои СААД Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларусия тасмим гирифтаанд, ки барои тақвият додани имкониятҳои низомиву амниятии Тоҷикистон ба ин кишвар силоҳ ё таҷҳизоти муосири ҳарбӣ фиристанд. Ин иқдом барои беҳтар намудани ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва тақвияти назорати сарҳадӣ равона шудааст.

Гуфта мешавад, ки ин кишварҳо интиқоли таҷҳизоти низомиро то поёни соли ҷорӣ оғоз мекунад. Таалатбек Масодиқов, дабири кулли СААД гуфтааст, иҷрои барномаи ирсоли таҷҳизоти низомӣ идома меёбад ва то охири фасли тирамоҳ ба Тоҷикистон расонда мешавад. Ӯ гуфтааст, ин иқдом бар зидди Афғонистон равона нашудааст, ҳадафи он фақат тақвияти амнияти минтақавӣ ва беҳтар кардани назорати сарҳадҳо аст.

Кишварҳои зикршуда ин тасмимро дар шароите мегиранд, ки масъалаи амнияти марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон аз мавзуъҳои муҳимми ҳамкориҳои минтақавӣ боқӣ мемонад. Кишварҳои Осиёи Миёна аз вазъияти Афғонистон нигаронанд. Ба сари қудрат омадани гурӯҳи террористии Толибон, фаъол шудани дигар гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон боис шудааст, ки СААД чораҳои амниятӣ ва низомиро дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон тақвият кунад. Дарёфти таҷҳизоти нави низомӣ метавонад имкониятҳои техникии неруҳои марзбонӣ ва сохторҳои амниятиро густариш диҳад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

23.10.2026 09:07

Зеленский: “Сӯзишвории Русия наметавонад ба коҳиши назарраси нархҳо дар Амрико мусоидат кунад”

Раиси ҷумҳури Украина мегӯяд, ҳаҷми сӯзишвории дизелие, ки Русия тибқи созиши ахир бо Вашингтон таъмин мекунад, барои таъсир гузоштан ба нархҳо дар бозори Амрико кофӣ нест. Ӯ ҳамчунин, Доналд Трампро даъват кардааст, ки барои ба мизи музокирот овардани Владимир Путин аз фишори бештар истифода кунад.
23.10.2026 08:59

Вэнс: “Фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида гуфтугӯҳо бо Русия ва Украинаро аз сар гирифт”

Ҷей Ди Вэнс, муовини раиси ҷумҳури Амрико, мегӯяд, ки Стив Уиткофф, фиристодаи вижаи ин кишвар, дар рӯзҳои ахир гуфтугӯ бо мақомоти Русия ва Украинаро аз сар гирифтааст.
23.10.2026 08:49

Дар Тоҷикистон 1050-солагии Робиаи Балхиро таҷлил карданд

Ба муносибати 1050-солагии яке аз аввалин занони шоир дар адабиёти тоҷику форс Робиаи Балхӣ рӯзи 21-уми октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Робиаи Балхӣ - нахустин нидои ишқ” ҳамоиши илмиву адабӣ баргузор гардид.
22.10.2026 14:26

Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст

Ҳорун Самарқандӣ дар рустои Самарқанди вилояти Бағлони Афғонистон таваллуд шудааст. Дар даври ҳукумати устод Раббонӣ ба ҳайси донишҷӯ дар Донишгоҳи Кобул дарс хондааст. Дарсҳояш ба итмом нарасида, муқовимат бар зидди гурӯҳи террористии Толибон оғоз мешавад ва ӯ дар дафтари Аҳмадшоҳи Масъуд муддате кор мекунад. Баъди омадани ҳукумати ҷадид ба раҳбарии Ҳомид Карзай дарсҳояшро дар Донишгоҳи тиббии Кобул идома дода, ин донишгоҳро хатм мекунад. Дар ин давра дар созмонҳои байналмилалии тандурустӣ кор кардааст. Дар соли 2015 ӯ ба ҳайси масъули бахши тандурустӣ ва равонии вилояти Бағлон кор кардааст. Қабл аз фурӯпошии ҳукумати Ашраф Ғанӣ аз Кобул хориҷ шуд ва ҳоло дар Миср кору зиндагӣ мекунад. Ӯ як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳақи тоҷикон, забони форсӣ ва ҳамгироии мардуми форсизабон дифоъ мекунад.
22.10.2026 11:16

Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёми нави худ гуфт, Теҳрон омода аст бори дигар ба дипломатия имконият диҳад. Ӯ таъкид кард, ин ба он вобаста мебошад, ки Амрико барои эҷоди эътимод ва расидан ба роҳи ҳалли одилона омодагӣ нишон диҳад.
22.10.2026 10:56

Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иддао кард, ки Вашингтон Эронро дар соҳаҳои низомӣ ва иқтисодӣ шикаст додааст. Доналд Трамп Теҳронро барои дастёбӣ ба силоҳи атомӣ муттаҳам намуда, дар мавриди мардуми Эрон суханҳои тавҳиномез гуфт.
22.10.2026 10:44

Созишномаи грантӣ оид ба бунёди зеристгоҳи барқӣ дар Душанбе ба имзо расид

Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати молия, байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи бунёди зеристгоҳ барои низоми магистралии интиқоли неруи барқ дар шаҳри Душанбе ба имзо расонда шуд.
22.10.2026 10:35

Ҷашнвораи VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид. Тоҷикистонро кадом театрҳо намояндагӣ мекунанд?

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21-уми октябр дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Ҷашнвораи VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор гардид.