Барои паҳн накардани аксу навори бадномкунанда маблағи калон талаб намудааст. Ҷавонзане бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир шуд
Кореяи Шимолӣ аз анҷоми як размоиши мушакӣ хабар дод
Дастоварди назарраси ҳунармандони ҷавони Сирки давлатии Тоҷикистон аз Фестивали байналмилалии «Ҳунарманд»
Чин дар Тоҷикистон “телескоп”-и моҳвораии назорати замин месозад
Ҳангомаи сол дар назди Кохи сафед. Топурия бохт, Гейҷи қаҳрамон шуд
Имрӯз, 15-уми июн дар назди Кохи сафед мусобиқаи UFC Freedom доир гашт ва чанд лаҳза пеш ба итмом расид. Дар мусобиқаи мазкур, ки бахшида ба 250-солагии Амрико ташкил шуд, ташкилоти UFC ҳафт муҳориба ташкил кард. Ҳамаи рақобатҳо бо накаут ва накаути техникӣ ба итмом расиданд.
Азбаски мусобиқаи UFC Freedom дар назди Кохи сафед бори аввал ва эҳтимол бори охир доир гашт ва дар пасманзари он хабарҳо зиёд буданд, Dialog.tj доир ба муҳорибаҳои он мухтасар маълумот медиҳад.
ҲАНГОМАИ СОЛ: ГЕЙҶИ ТОПУРИЯРО ШИКАСТ ДОД
Аз муҳорибаи асосии мусобиқа, ки миёни чемпиони вазни сабук Илия Топурия ва чемпиони муваққатии вазни мазкур Ҷастин Гейҷи шуда гузашт, оғоз мекунем.
Ҷастин Гейҷи дар 37-солагӣ чемпиони UFC дар вазни сабук шуду Илия Топурия дар корномаи худ аввалин бохтро ба қайд гирифт.
Воқеан ҳам, дар муҳорибаи асосии мусобиқа ҳангомаи сол ба қайд гирифта шуд, зеро қариб ҳамаи алоқамандони муҳорибаҳои омехта боварӣ доштанд, ки рақобати мазкур дар раунди якум ё дуюм ба итмом мерасад ва Илия Топурия Ҷастин Гейҷиро ба накаут мефиристад, аммо ин тавр нашуд. Муҳориба чор раунд давом ёфт ва раундҳои якум, сеюм ва чорум пурра ба фоидаи Ҷастин Гейҷи буданд. Пас аз раунди чорум тими Илия Топурия аз идомаи муҳориба даст кашид, зеро чашми росташ дигар намедид ва ҷароҳати вазнин бардошт. Иловатан, пас аз раунди сеюм духтури UFC ҷароҳати Илия Топурияро дида, хост, ки муҳориба боздошта шавад, вале ӯ давом додан хост ва рақобат як раунди дигар идома ёфт.
Вақте ки муҳорибаи Илия Топурия ва Ҷастин Гейҷиро UFC эълон кард, аксари ҳаводорони муҳорибаҳои омехта боварӣ доштанд, ки Ҷастин Гейҷи муқобили Илия Топурия ҳатто як раунд ҳам тоб оварда наметавонад. Боварии мардум Илия Топурияро хеле шавқманд кард ва ҳатто дар саҳифаи расмиаш дар Инстаграм 18:0 навишт. Яъне ин маъноеро дорад, ки аллакай Ҷастин Гейҷиро шикаст додааст ва дар корномааш 18 бурд дорад.
Илия Топурия дар мусоҳибае пеш аз муҳориба сухани ҳавобаландонае гуфт: “Ман аллакай Ҷастин Гейҷи шикаст додаам, 15-уми июн навори муҳорибаамон нашр мешавад ва дунё бохабар мегардад”. Ин ҷумла дар баробари дурӯғ буданаш, инчунин, ҳавобаландӣ ва такаббурии ӯро нишон медиҳад. Ҳамин буд, ки як рӯз пеш аз муҳориба Илия Топурия дар тарабхонае ғалабаи накардаашро ҷашн гирифт ва бо боварии 100 фоиза ба ҳама мегуфт, ки ғолиб меояд.
Ҳамчунин, чанде пеш аз муҳориба Илия Топурия гуфта буд: “Дар бисёр муҳорибаҳо мухлисони муҳорибаҳои омехта баҳс мекунанд, ки кӣ ғолиб меояд, вале дар муҳорибаи ману Ҷастин Гейҷи мардум ба ғалабаи ман то андозае бовар доранд, ки чӣ гуна ва дар чандум раунд шикаст хурдани ӯро муҳокима мекунанд”.
Ҳамин тавр, новобаста ба пешгӯиҳои зиёд, Ҷастин Гейҷи Илия Топуриро шикаст дод ва чемпиони вазни сабуки UFC шуд. Ӯ ба Илия Топурия кореро кард, ки ҳеҷ кас накардааст, яъне аввалин бохтро ба ӯ дод.
Пас аз муҳориба Ҷастин Гейҷи бо эҳтиром ба Илия Топури муносибат карда, изҳор дошт, ки ӯ варзишгари боқувват аст.
Инчунин, Ҷастин Гейҷи ду бонус гирифт. Бонус барои муҳорибаи шом ва барои рақобати шом.
БА ҶОЙИ ГИРИФТАНИ КАМАРБАНДИ СЕЮМ НАКАУТ ШУД
Дар мусобиқаи UFC Freedom муҳорибаи Алекс Перейра ва Сирил Ган аз ҷиҳати муҳимият дар ҷойи дуюм буд. Муҳорибаи мазкур барои камарбанди муваққатии вазни вазнини UFC буд, ки дар он Сирил Ган дар раунди дуюм тариқи накаути техникӣ ғолиб омад.
Алекс Перейра қадами таърихӣ ё таърихсозӣ гузошт, вале муваффақ нагашт. Ӯ аввалин касест, ки дар UFC кӯшиши дар се вазн чемпион шудан намуд. То ҳол Алекс Перейра дар вазнҳои миёна ва нимвазнин чемпион шудааст. Ӯ камарбанди чемпиониашро дар вазни нимвазнин озод кард ва барои камарбанди муваққатии вазни вазнин баромад намуд, аммо шикаст хурд.
Дана Уайт пеш аз муҳорибаи мазкур гуфт, ки агар Алекс Перейра дар вазни вазнин чемпион шавад, ӯ беҳтарин варзишгар новобаста аз вазн мегардад.
Ба ҳамин монанд, бисёриҳо ба ғалабаи Алекс Перейра боварӣ доштанд, зеро ӯ дар UFC ғалабаҳои пай дар пай ва хеле зебо дошт.
Дар ин росто, кам набуданд касоне, ки ба ғалабаи Сирил Ган боварӣ доштанд, зеро муддате чемпиони муваққатии вазни вазнини ташкилоти UFC буд.
Пас аз муҳориба чемпиони муваққатӣ нагуфт, ки бо кӣ рақобат кардан мехоҳад, аммо эҳтимол меравад, ки ташкилоти UFC муҳорибаи чемпиони асосӣ Том Аспинэлл ва чемпиони муваққатӣ Сирил Ганро то охири сол ташкил мекунад.
Алекс Перейра пас аз рақобат гуфт, ки дар вазни вазнин мондан ё ба вазни нимвазнин баргаштанашро бо тимаш машварат мекунад.
ПАС АЗ НАКАУТИ ТЕХНИКӢ ЧЕМПИОНРО БА ҶАНГ ДАЪВАТ КАРД
Муҳорибаи Шон О’Мэлли ва Айманн Заҳаби дар мусобиқаи UFC Freedom аз ҷумлаи рақобатҳои диданӣ ва хеле шавқовар буд. Шон О’Мэлли дар раунди дуюм Айманн Заҳабиро ба накаути техникӣ фиристод.
Ҳарчанд дар бораи ин муҳориба расонаҳо хеле кам навиштанд, зеро таваҷҷуҳи асосӣ ба ду рақобати асосии мусобиқа банд буд, вале Шон О’Мэлли ва Айманн Заҳаби муҳорибаи шавқовар нишон доданд. Дар рафти муҳориба Шон О’Мэлли кӯшиш мекард, ки Шон О’Мэлли дар хатое боздорад ва ӯро ба накаут фиристад, ки ҳамин тавр ҳам шуд.
Пас аз муҳориба Шон О’Мэлли чемпиони вазни худ (то 61 кило) Петр Янро ба муҳориба даъват кард ва изҳори умедворӣ намуд, ки муҳорибаи навбатиаш барои камарбанди чемпионӣ мешавад.
“Петр Ян, ту бояд дар ҷойи Айманн Заҳаби мешудӣ ва бо ман муҳориба мегузарондӣ, аммо намедонам чаро ин кор нашуд. Ман умед дорам, ки муҳорибаи навбатиам бо ту доир мегардад”, - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли 2022 Шон О’Мэлли бо қарори алоҳидаи доварон Петр Янро шикаст дода буд.
ҶОШ ХОКИТ ДЕРРИК ЛЮИСРО ШИКАСТ ДОД
Дар аввал муҳорибаи Ҷош Хокит ва Деррик Люис дар мусобиқаи UFC Freedom набуд. Аммо вақте ки дар мусобиқаи UFC 327 Ҷош Хокит Кёртис Блэйдсро шикаст дод, президенти Амрико Доналд Трамп роҳбари ташкилоти UFC Дана Уайтро гуфт, ки рақобати Ҷош Хокитро ташкил кунад.
Муҳорибаи Ҷош Хокит ва Деррик Люис дар раунди дуюм ба анҷом расид. Ҷош Хокит тариқи накаути техникӣ Деррик Люисро шикаст дод ва мавқеи худро дар рейтинги вазни вазнини UFC нигоҳ дошт. Ҳамчунин, бояд гуфт, ки Ҷош Хокит пас аз ин муҳориба шояд яке аз довталабони асосӣ барои рақобати чемпионӣ гардад.
МАЙКЛ ЧЕНДЛЕР БОЗ ШИКАСТ ХУРД
Дар мусобиқаи UFC Freedom рақобати Майкл Чендлер ва Маурисио Руффи хеле диданиву шавқовар буд, вале дар раунди якум ба анҷом расид. Тавре ки аксари ҳаводорони муҳорибаҳои омехта пешгӯӣ карда буданд, дар муҳорибаи мазкур Маурисио Руффи ғалаба кард. Маурисио Руффи дар раунди якум Майкл Чендлерро ба накаути техникӣ фиристод.
Пеш аз муҳориба Майкл Чендлер гуфта буд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ шикаст намехурад, аммо ин тавр нашуд. Бояд гуфт, ки Майкл Чендлер варзишгари хубу ботаҷриба аст, вале дар ташкилоти UFC кораш омад намекунад. Ӯ аз ҳафт муҳорибае, ки дар ташкилоти мазкур гузаронидааст, танҳо дар дутояш ғалаба кардааст.
Ғолиби муҳорибаи мазкур Маурисио Руффи бошад, пас аз рақобат гуфт, ки мехоҳад барои камарбанди чемпионӣ муҳориба гузаронад ва изҳори умедворӣ намуд, ки рақиби навбатиаш чемпиони вазни сабук мешавад.
БОЗ НАКАУТИ ТЕХНИКӢ, БОЗ ДАР РАУНДИ ЯКУМ
Рақобати Бо Никал ва Кайл Дакас низ шавқовар буд. Ҳарчанд размкорон муҳорибаро эҳтиёткорона оғоз карданд, вале дар охири раунди якум Бо Никал тариқи накаути техникӣ ғалаба кард.
Гуфта мешавад, ки Бо Никал аз ҷумлаи размкорони ҷавону умедбахши ташкилоти UFC аст ва интизор меравад, ки дар ояндаи наздик ӯ низ бо варзишгароне, ки дар рейтинг мавқеи баланд доранд, рақобат мекунад.
НАКАУТИ ДИЕГО ЛОПЕС ДАР РАУНДИ ДУЮМ
Муҳорибаи Диего Лопес ва Стив Гарсия аввалин рақобати мусобиқаи UFC Freedom буд. Тавре интизор мерафт, муҳорибаи мазкур тӯл накашид ва дар раунди дуюм ба итмом расид. Диего Лопес дар раунди дуюм Стив Гарсияро ба накаут фиристод ва мавқеашро дар рейтинги вазни нимсабук нигоҳ дошт.
БА ҶОЙИ ХУЛОСА
Дар умум, мусобиқаи UFC Freedom шавқовар гузашт. Ҳафт муҳориба ва ҳамааш фаврӣ ба анҷом расиданд. Ҳеҷ муҳорибаи дилбазан набуд ва ҳама размкорон ба дараҷаи олӣ омодагӣ дида буданд.
Албатта, интизор мерафт, ки агар Илия Топурия ғолиб ояд, ба вазни ниммиёна мебарояд ва барои камарбанди чемпионӣ бо чемпиони вазни ниммиёна Ислом Махачев меҷангад.
Интизор мерафт, ки агар Алекс Перейра ғолиб ояд, аввалин касе мешавад, ки дар се вазн чемпион шудааст ва дар рейтинги беҳтарин размкорон новобаста аз вазн мақоми аввалро мегирад.
Интизор мерафт, ки Ҷастин Гейҷи пас аз бохт дастпушҳояшро ба майдон мегузорад ва корномаи варзишиашро ба итмом мерасонад.
Аммо ин нав нашуд. Ҳама чиз баръакс шуд. Илия Топурия бохт ва дигар варзишгари бебохт нест, дигар чемпион нест. Алекс Перейра ғолиб нашуд, таърихсозӣ накард ва ба гумони ғолиб дар рейтингҳо мавқеашро аз даст медиҳад. Ва аз ҳама аҷиб, Ҷастин Гейҷи чемпиони асосии вазни сабук шуд ва корномаи варзишиашро давом медиҳад.
Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ
Хатти хабарҳо
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
Тоҷикистон ва БАТР нақшаи ҳамкории то соли 2030-ро имзо карданд
Осиёи Марказӣ ба майдони нави рақобати ҳуши маснуъӣ табдил мешавад
Дар Тулаи Русия имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон ба намоиш гузошта шуд