Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Шарифзода Шариф ғолиби даври шаҳрии озмуни “Омӯзгори сол-2026” шуд
Аз 6-ум то 9-уми июн даври шаҳрии озмуни “Омӯзгори сол-2026” дар Душанбе баргузор гардид.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар даври шаҳрии озмун ғолибони даври ноҳиявӣ Шарифзода Шариф, омӯзгори фанни математикаи Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Шоҳмансур, Қурбонзода Наврӯз, омӯзгори фанни физикаи Мактаби байналмилалии Президентӣ аз ноҳияи Сино, Мирзоев Абдуазиз, омӯзгори фанни информатикаи МТМУ №10-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Исмоилова Сайёҳат, омӯзгори фанни забон ва адабиёти руси Гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ иштирок намуданд.
Гуфта мешавад, ки довталабон аз рӯйи шартҳои дарсҳои намунавӣ аз рӯйи ихтисос, муаррифии таҷрибаи корӣ, таҳлили дарс (худбаҳодиҳӣ), маҷлиси падару модарон, соати тарбиявӣ, кор бо компютер ва донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ширкат варзиданд.
Ҳамин тавр, Шарифзода Шариф, омӯзгори Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум, Қурбонзода Наврӯз, омӯзгори фанни физикаи Мактаби байналмилалии Президентӣ сазовори ҷойи дуюм ва Исмоилова Сайёҳат, омӯзгори фанни забон ва адабиёти руси Гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод