Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Фарҳоди Дарё ба боздошти занони Ҳирот ва саркӯби эътирозгарон аз сӯйи Толибон вокуниш кард
Фарҳоди Дарё, овозхони машҳури Афғонистон, дар вокуниш ба боздошти занон дар Ҳирот гуфтааст, ки ин иқдомҳо ба маънои маҳдудтар шудани бештари ҳуқуқи занон ва ҳатто ҳазфи комили онҳо дар Афғонистон аст.
Фарҳоди Дарё рӯзи сешанбе, 9-уми июн дар саҳифаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навиштааст, ки боздоштҳои густарда ва ҳамроҳ бо хушунати занон дар Ҳирот, ба ҳар ном ва баҳонае, ки бошад, амалан ба маҳдудсозии ҳуқуқи занон дар Афғонистон оварда мерасонад.
Ӯ афзудааст, ки мавҷи тозаи “боздоштҳои таҳқиромез” дар баробари чашми мардум, ба вижа бошандагони Ҳирот, фазои ин шаҳрро башиддат муташанниҷ сохта ва мардумро ба вокуниш водоштааст.
Фарҳоди Дарё, ҳамчунин, бо ишора ба гузоришҳо ва тасвирҳои мунташиршуда аз эътирозҳо дар Ҳирот гуфтааст, ки ин эътироз ба хушунат кашида шуда ва ҷангҷӯёни Толибон ба сӯйи ғайринизомиён тирандозӣ кардаанд.
Боздошти занон дар Ҳироти Афғонистон ба далели надоштани бурқа (ҳиҷоб) тавассути гурӯҳи террористии Толибон, илова бар чеҳраҳои сиёсӣ ва ҳуқуқи башар, бо вокунишҳои ҳунармандони машҳури Афғонистон низ рӯбарӯ шудааст.
Пеш аз ин низ Ориёно Саид, овозхони машҳури Афғонистон, гуфта буд, ки дар ҳеч даврае аз таърихи Афғонистон занон то ин ҳад мавриди беэҳтиромӣ ва маҳдудият қарор нагирифта буданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод