Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Давлаталӣ Саид бо директори Агентии давлатӣ оид ба сайёҳии Қирғизистон вохӯрӣ кард
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии сайёҳии «Хатлон – сарзамини тамаддунҳо ва сайёҳат», раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо директори Агентии давлатӣ оид ба сайёҳии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Эдуард Кубатов вохӯрӣ намуд.
Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими марбут ба рушди соҳаи сайёҳӣ, таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, тавсеаи робитаҳои байнисоҳавӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда барои ҷалби бештари сайёҳон ба ҳар ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.
"Ҷонибҳо иброз доштанд, ки рушди сайёҳии минтақавӣ яке аз омилҳои муҳими афзоиши ҷараёни сайёҳон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Дар шароити имрӯза аксари сайёҳони хориҷӣ ба сафарҳои фарогири чанд кишвар дар як масир таваҷҷуҳ доранд. Аз ин рӯ, ташкили хатсайрҳои муштараки сайёҳӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти ширкатҳои сайёҳии минтақа метавонанд ба рушди устувори соҳа мусоидат намоянд", - зикр мегардад дар иттилоия.
Дар вохӯрӣ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни мулоқот зикр намуд, ки Тоҷикистон ҷонибдори густариши ҳамкориҳои минтақавӣ буда, тамоми ташаббусҳои созандаеро, ки ба таҳкими дӯстӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои минтақа равона шудаанд, дастгирӣ менамояд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод