Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Давлаталӣ Саид бо корҳои барқарорсозии маҳаллаҳои зарардида аз офати табиӣ шинос шуд
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ ва сохтмонӣ дар маҳаллаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб шинос шуд.
Иттилоъ дода мешавад, ки раиси вилоят аз рафти сохтмони хонаҳои истиқоматӣ барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида дидан карда, ба масъулини соҳа барои бо сифати баланд, мутобиқ ба талаботи муосири сохтмонӣ бунёд намудани манзилҳо ва фароҳам овардани тамоми шароити зарурии зиндагӣ барои сокинон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон, зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки барқарорсозии манзилҳои осебдида бояд дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ анҷом дода шавад, то шаҳрвандон ҳарчи зудтар соҳиби манзили муносиб гарданд.
“Мушоҳида гардид, ки корҳои сохтмонӣ дар аксари нуқтаҳо бо ҷалби мутахассисон ва сохтмончиёни маҳаллӣ шабонарӯзӣ идома дошта, барои ҳарчи зудтар ба истифода додани хонаҳои нав тамоми тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шудаанд”, - навиштааст манбаъ.
Тибқи маълумоти дастрас, дар натиҷаи офати табиӣ зиёда аз 10 маҳаллаи шаҳри Кӯлоб ба зарар дидаанд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод