Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд
Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд
Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд
Даври чоруми бақайдгирии довталабон оғоз шуд. Киҳо метавонанд донишҷӯ бишаванд?
Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд
1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки бинои нави кумита аз 47 ҳуҷраи корӣ, осорхона, толори ҷаласа бо 250 ҷойи нишаст, толорҳои мизи мудаввар, китобхона ва китобхонаи электронӣ иборат мебошад.
Дар иттилоияи хадамоти матбуоти Президенти мамлакат зикр мегардад, ки дар китобхонаи иншооти мазкур асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зиёда аз 5 ҳазор китоби бадеӣ, илмӣ ва гуногунсоҳа барои кормандону донишҷӯён нигоҳдорӣ мешавад. Ҳамчунин, махзани рақамии китобхона 1 миллион нусха адабиёти гуногунсоҳа ва бадеиро бо имкониятҳои васеи электронӣ ташкил медиҳад.
Қайд мегардад, ки дар бинои ҳизб маркази омӯзишӣ фаъол аст, ки барои таълими забонҳои хориҷӣ ба наврасону ҷавонон, курсҳои пешвоёни ҷавон, пухтани таомҳои миллӣ ва дӯзандагӣ пешбинӣ шудааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад
Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд
Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад