Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд
Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд
Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд
Даври чоруми бақайдгирии довталабон оғоз шуд. Киҳо метавонанд донишҷӯ бишаванд?
Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд
Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияиШаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаитаълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарордоданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Анорқул Ҷӯразодасохта шуда, дорои синфхонаҳои таълимӣ, кабинетҳои фаннӣ, ду озмоишгоҳ, китобхона, синфхонаи компютерӣ, ошхона, ҳуҷраҳои маъмурӣ, майдончаи варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасонмебошад.
Гуфта мешавад, ки бо мавриди истифода қароргирифтани муассисаи таълимӣ 25 омӯзгор бо кортаъмин шуданд.
“Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани муассисаи таълимии хусусииИдрок дар ноҳияи Шаҳристонро иқдоми муҳим дар роҳи рушди соҳаи маориф ва фароҳам оварданишароити мусоид барои таълиму тарбияи наслинаврас арзёбӣ намуда, ба иқдоми соҳибкоронимаҳаллӣ таҳсин хонданд”, - навиштааст хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад
Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд
Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад