Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд
Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд
Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд
Даври чоруми бақайдгирии довталабон оғоз шуд. Киҳо метавонанд донишҷӯ бишаванд?
Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд
1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Президенти мамлакат, дар корхона 5 хатти технологӣ насб гардида, зарфҳои пластикӣ ва афшураҳои мевагию обҳои ташнагишикан истеҳсол мешавад.
Иттилоъ дода мешавад, ки иқтидори солонаи корхона истеҳсоли 240 тонна афшура ва 400 ҳазор литр нӯшокиҳои ташнагишикан мебошад.
"Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи намояндагони бахши хусусӣ ва сохторҳои марбутаи соҳаро ба истифодаи пурраи имкониятҳои технологӣ, ҷамъоварию коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дар бозорҳои байналмилалӣ ҷалб намуданд", - навиштааст манбаъ.
Зикр мегардад, ки ҷамъияти дорои масъулияти маҳдудиСирдарё аз ҷониби бародарони соҳибкор Каримзодаҳобунёд гардида, 85 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалбшудааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад
Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд
Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад