Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Дар Данғара Форуми байналмилалии малакаҳо Тоҷикистон – 2026 баргузор мегардад
Рӯзҳои 28-29 майи соли равон дар Маркази рушди малакаҳои ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Форуми байналмилалии малакаҳо Тоҷикистон – 2026 баргузор мегардад.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, форуми мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаррифии иқтидори малакаҳои касбии шаҳрвандони мамлакат, табодули таҷрибаи байналмилалӣ ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» ташкил мегардад.
“Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» бо мақсади рушди малакаҳои касбӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои бокортаъминшавӣ барои шаҳрвандони мамлакат дар асоси созишномаҳои грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардида истодааст”, - меафзояд манбаъ.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар Форуми байналмилалии малакаҳо Тоҷикистон – 2026 намояндагон аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Чин, Туркия ва Олмон иштирок менамоянд.
Гуфта мешавад, ки дар доираи форуми мазкур озмун аз рӯйи касбҳои «Барқчӣ», «Андовачӣ», «Кафшергари газию барқӣ» ва «Васлгари таҷҳизоти барқии офтобӣ» гузаронида мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод