Рустами Эмомалӣ ба сохтмони 3 эстакада ва як пул санги асос гузошт
Дар 9 моҳ дар кишвар 104 муассисаи тиббӣ сохта шудааст
Қирғизистон беш аз 326 километр марз бо Тоҷикистонро симхорбандӣ кард
Навзоде, ки аз таваллудхона гум шуда буд, ёфт шудааст
Сокинони водии Рашт ба аҳолии осебдидаи шаҳри Кӯлоб кумак ирсол карданд
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон, мардуми Рашт ба осебдидагони Кӯлоб аз афати табиӣ маҳсулоти ниёзи аввал, ашёи рӯзгор ва масолеҳи сохтмон равон намудаанд.
Манбаъ меафзояд, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб кумакҳои башардӯстона расонида шуданд. Кумакҳои ирсолшуда аз маводи ғизоӣ, орд, равған, шакар, сару либос, рахти хоб, ашёи рӯзгор ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал иборат буда, ба оилаҳои зарардида дастрас гардиданд.
Таъкид мегардад, ки расонидани кумакҳо ба сокинони осебдидаи деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод низ идома ёфта, гурӯҳҳои корӣ ба ҳар як хонаводаи зарардида маводи заруриро дастрас намуданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ, барқарорсозии манзилҳои осебдида ва дастгирии сокинон таҳти назорати доимии Роҳбарияти олии кишвар қарор дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳам ҷоизапулӣ ва ҳам роҳхат. Қаҳрамони Ҷоми Тоҷикистон-2026 маълум шуд
Дипломати тоҷик: Тоҷикистон аз субот ва бозсозии Афғонистон ҳимоят мекунад
Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо президенти Узбакистон
Дар суҳбати Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммаризо Ориф масъалаи таъсиси иттиҳоди форсизабонон матраҳ шуд