20 Октябр 2026,
сешанбе, 10:39, Душанбе
20.10.2026 09:18

Дар суҳбати Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммаризо Ориф масъалаи таъсиси иттиҳоди форсизабонон матраҳ шуд

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 19-уми октябр дар Қасри миллат Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ҳузур пазируфт.

Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Душанбе омад.

Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммадризо Ориф дар ҷараёни мулоқот пешниҳоди таъсиси Иттиҳоди кишварҳои форсизабон ва рушди тиҷорату энергетика ва роҳҳои транзитиро баррасӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки ҳадафи пешниҳоди таъсиси кишварҳои форсизабон ва минтақаҳои форсизабон ба ҳам наздик намудани кишвар ва ҷомеаҳоест, ки бо забон, адабиёт ва мероси таърихии муштарак пайванд доранд.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо масъалаи таъсиси кумитаи муштараки забон, адабиёт ва фарҳанги форсӣ, ташкили марказҳои таҷлили Наврӯз ва таъсиси маркази тамаддуни ориёиро низ баррасӣ намудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммадризо Ориф масъалаи густариши равобити иқтисодиро низ баррасӣ намудаанд ва ин яке аз мавзуҳои муҳимми гуфтугӯи ду ҷониб буд.

Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон навишт, ки дар ин мулоқот “Ба густариши пайгиронаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ, дорусозӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок, инчунин, масъалаҳои васеъ намудани номгӯи молу маҳсулот барои тиҷорати дуҷониба ва рушди истеҳсолоти муштарак таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид”.

Муҳаммадризо Ориф таъкид намуд, ки табодули тиҷоратии Эрон ва Тоҷикистон дар моҳҳои ахир нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 фоиз афзоиш ёфтааст.

Муҳаммадризо Ориф ҳамчунин, таъкид намуд, ки Эрон дар ҷустуҷӯ ва иктишофи нафту газ, рушди саноати нафту кимиё ва содироти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон омодааст.

Бар асоси иттилои расонаҳои Эрон дар мулоқоти дуҷониба масъалаи таъсиси долони энергетикӣ ба воситаи Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон матраҳ гардид. Ба навиштаи расонаҳои эронӣ, агар ин идея ба тарҳи мушаххас табдил ёбад, метавонад барои густариши ҳамкориҳои энергетикӣ ва ташкили роҳҳои нави интиқоли захираҳои энергетикӣ замина фароҳам кунад.

Дар ин мулоқот масъалаи пайвастани Тоҷикистон ба обҳои озоди Халиҷи Форс ва густариши содироти маҳсулоти нафтии Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммадризо Ориф масъалаи ҳамкории ду кишвар дар доираи СҲШ яке аз мавзуҳои муҳимми гуфтугӯи дуҷониба буд.

Муҳаммадризо Ориф таъкид намуд, ки “Эрон ва Тоҷикистон метавонанд дар чорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай ҳамкории наздиктаре дар заминаи каридори транзитӣ, амнияти марзҳо, муқобила бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ва ҳамчунин, таҳаввулоти Афғонистон дошта бошанд”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

20.10.2026 10:21

Ҳам ҷоизапулӣ ва ҳам роҳхат. Қаҳрамони Ҷоми Тоҷикистон-2026 маълум шуд

Бинобар иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бошгоҳи "Хуҷанд" бо роҳбарии мутахассиси сербиягӣ Милан Миланович дар бозии ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2026 бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.
20.10.2026 10:19

Дипломати тоҷик: Тоҷикистон аз субот ва бозсозии Афғонистон ҳимоят мекунад

Як масъули Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, ки Душанбе ба ҳимояти суботу бозсозии иқтисодии Афғонистон идома хоҳад дод. Ба гуфтаи дипломати тоҷик, амнияти Афғонистон ба суботи Осиёи Марказӣ робитаи мустақим дорад ва аз ин рӯ, барои аз байн бурдани таҳдидҳои фаромарзӣ ҳамкории кишварҳои минтақа муҳим мебошад.
20.10.2026 09:21

Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо президенти Узбакистон

19-уми октябр президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро, ки ба мақсади иштирок дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби “C5+1” дар шаҳри Самарқанд қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
20.10.2026 09:18

Дар суҳбати Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммаризо Ориф масъалаи таъсиси иттиҳоди форсизабонон матраҳ шуд

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 19-уми октябр дар Қасри миллат Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ҳузур пазируфт.
20.10.2026 08:02

Бар асари ҳамлаҳои Яман ду фурудгоҳи Арабистони Саудӣ баста мемонад

Фурудгоҳи байналмилалии Шоҳ Холид дар пойтахти Арабистони Саудӣ ҳанӯз боз нашудааст ва муҳлати боз шудани он маълум нест. Дар фурудгоҳи байналмилалии Шоҳ Фаҳд дар шаҳри Даммом низ ҳаракати ҳавопаймоҳо дубора қатъ шудааст.
19.10.2026 17:17

Дар Самарқанд таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши шарикии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Амрико баррасӣ гардид

Имрӯз, 19-уми октябр дар шаҳри Самарқанд ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 баргузор гардид, ки вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи мазкур иштирок ва суханронӣ намуд.
19.10.2026 17:13

Рӯзномаи Британия: Сайёҳон ва блогерони хориҷӣ аз Толибон чеҳраи мусбат ва гумроҳкунанда месозанд

Рӯзномаи чопи Британия “Сан” дар матлабе навишт, сайёҳон ва блогерони хориҷие, ки ба Афғонистон сафар кардаанд, аз Толибон чеҳраи мусбат ва гумроҳкунанда месозанд.
19.10.2026 16:27

Ифтитоҳи Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба номи Кароматулло Қурбонов гузошта шудааст

19-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ, бинои нави Қасри фарҳангро, ки ба номи Кароматулло Қурбонов гузошта шудааст, ифтитоҳ намуданд.
19.10.2026 16:25

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Рӯдакӣ аз ифтитоҳи бинои раёсати маориф оғоз шуд

Имрӯз, 19-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва мулоқоту суҳбат бо сокинон ба ноҳияи Рӯдакӣ сафар карданд.
19.10.2026 16:24

Рустами Эмомалӣ ба сохтмони 3 эстакада ва як пул санги асос гузошт

19-уми октябр раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшид.
19.10.2026 15:01

Қарзу афзоиши нархи зиндагӣ мардуми хашмгини Фаронсаро ба майдонҳо овард

Афзоиши қарзи давлатӣ, гарон шудани зиндагӣ ва норозигӣ аз вазъияти хизматрасониҳои ҷамъиятӣ ба мушкилоти бузурги Фаронса табдил шудааст. Эътирози хиёбонии мардуми Фаронса нишон дод, ки ҳукумаи ин кишвар бо фишори бештар рӯбарӯ шудааст.