Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Рӯдакӣ аз ифтитоҳи бинои раёсати маориф оғоз шуд
Ли Сян: “Чин пайваста аз рушду нумуи Тоҷикистони дӯст дастгирӣ мекунад”
Эмомалӣ Раҳмон: “Дар Душанбе бо пуштибонии СММ дар соли 2027 конфронси байналмилалии сулҳ баргузор мешавад”
Пешвои миллат бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Арманистон рафтанд
Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Рӯдакӣ аз ифтитоҳи бинои раёсати маориф оғоз шуд
Имрӯз, 19-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва мулоқоту суҳбат бо сокинон ба ноҳияи Рӯдакӣ сафар карданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат навиштааст, иншооти нав дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, аз 35 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 182 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона ва меҳмонхона иборат мебошад.
“Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави раёсати маориф, кӯдакистонҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро дар ноҳияи Рӯдакӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи насли наврас муҳим арзёбӣ карданд”, - навиштааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Дар Самарқанд таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши шарикии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Амрико баррасӣ гардид
Рӯзномаи Британия: Сайёҳон ва блогерони хориҷӣ аз Толибон чеҳраи мусбат ва гумроҳкунанда месозанд
Ҷияни Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ то охирин тир бар зидди Толибон ҷангида, кушта шуд
Ифтитоҳи Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба номи Кароматулло Қурбонов гузошта шудааст