19 Октябр 2026,
душанбе, 21:14, Душанбе
19.10.2026 17:06

Ҷияни Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ то охирин тир бар зидди Толибон ҷангида, кушта шуд

Мирвайсхон, ҷияни Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ ва фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон рӯзи 18-уми  октябр то охирин тир бар зидди Толибон ҷангида, кушта шудааст.

Мирвайсхон чанд рӯз қабл аз кушта шуданаш дар як навори видеоӣ гуфта буд, ки дар кӯҳҳои Ҳиндукуш қарор дорад ва бар зидди Толибон муборизаи мусаллаҳонаро идома медиҳад.

Мирвайсхон ҷияни Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ, раиси умумии Ситоди низомии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон буд. 

Баъди нашри хабари марги Мирвайсхон чандин чеҳраҳои сиёсӣ ва мухолифони гурӯҳи террористии Толибон дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниш нишон доданд.

Холид Амирӣ, яке аз фармондеҳони баландпояи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар паёме навишт, кушта шудани муборизон азми ин гурӯҳро барои расидан ба озодӣ аз миён намебарад.

Муниб Амирӣ, фармондеҳи дигари ҷабҳа гуфт, марги фармондеҳон муборизаро ба поён намерасонад, балки иродаи неруҳои муқовиматро барои идомаи роҳ устувор мекунад.

Макони кушта шудани Мирвайсхон дақиқ нест. Бархе гуфтаанд, ки ӯ дар Бағлон кушта шуд ва бархеи дигар гуфтаанд, ки ӯ дар Панҷшер кушта шуд.

Як саҳифаи фейсбукӣ, ки ахбори вобаста ба муборизаи Ҷабҳаи муқовимат бар зидди гурӯҳи террористии Толибонро нашр мекунад, навишт ӯ дар қароргоҳи падариаш дар Порандеҳ кушта шудааст.

Толибон дар расонаҳои худ навори ҷасади ӯро нашр кардаанд. Бархе корбарон бо дидани навори ҷасади ӯ гуфтаанд, ки ӯ то охирин лаҳза мубориза намуда, силоҳро бар замин нагузошааст.

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар бораи кушта шудани ӯ изҳороти расмӣ надодааст.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон беш аз панҷ сол боз бар зидди Толибон меҷангад ва неруҳои ин ҷабҳа аз Панҷшер то Бағлону Нуристон ва Кобул бар зидди ин гурӯҳ ҳамлаҳо анҷом медиҳанд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

19.10.2026 17:17

Дар Самарқанд таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши шарикии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Амрико баррасӣ гардид

Имрӯз, 19-уми октябр дар шаҳри Самарқанд ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 баргузор гардид, ки вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи мазкур иштирок ва суханронӣ намуд.
19.10.2026 17:13

Рӯзномаи Британия: Сайёҳон ва блогерони хориҷӣ аз Толибон чеҳраи мусбат ва гумроҳкунанда месозанд

Рӯзномаи чопи Британия “Сан” дар матлабе навишт, сайёҳон ва блогерони хориҷие, ки ба Афғонистон сафар кардаанд, аз Толибон чеҳраи мусбат ва гумроҳкунанда месозанд.
19.10.2026 16:27

Ифтитоҳи Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба номи Кароматулло Қурбонов гузошта шудааст

19-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ, бинои нави Қасри фарҳангро, ки ба номи Кароматулло Қурбонов гузошта шудааст, ифтитоҳ намуданд.
19.10.2026 16:25

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Рӯдакӣ аз ифтитоҳи бинои раёсати маориф оғоз шуд

Имрӯз, 19-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва мулоқоту суҳбат бо сокинон ба ноҳияи Рӯдакӣ сафар карданд.
19.10.2026 16:24

Рустами Эмомалӣ ба сохтмони 3 эстакада ва як пул санги асос гузошт

19-уми октябр раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшид.
19.10.2026 15:01

Қарзу афзоиши нархи зиндагӣ мардуми хашмгини Фаронсаро ба майдонҳо овард

Афзоиши қарзи давлатӣ, гарон шудани зиндагӣ ва норозигӣ аз вазъияти хизматрасониҳои ҷамъиятӣ ба мушкилоти бузурги Фаронса табдил шудааст. Эътирози хиёбонии мардуми Фаронса нишон дод, ки ҳукумаи ин кишвар бо фишори бештар рӯбарӯ шудааст.
19.10.2026 14:32

Лавров: “Гурӯҳҳои террористӣ мехоҳанд дар либоси паноҳанда ва сайёҳ ба Осиёи Марказӣ ворид шаванд”

Русия мегӯяд, ки гурӯҳҳои терорристӣ ва тундрав аз қаламрави Афғонистон барои густариши фаъолиятҳои худ дар Осиёи Марказӣ истифода мекунанд. Русия тақвият додани марзи Тоҷикистону Афғонистон ва ҳамкорӣ бо ҳукумати террористии Толибонро роҳи мубориза бо таҳдидҳо донистааст.
19.10.2026 14:09

Чин мехоҳад дар Тоҷикистон сармоягузориро зиёд ва воридоти мол ба Чинро афзоиш диҳад

Ли Сян, сарвазири Чин рӯзи 19-уми октябр дар мулоқот бо Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар Душанбе гуфт, ки Пекин омода аст воридоти молҳои Тоҷикистон ва сармоягузории ширкатҳои чиниро афзоиш диҳад. Ду ҷониб масъалаи густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, истихроҷи маъдан ва технологияҳои навро баррасӣ кардаанд.
19.10.2026 14:02

Раиси вилояти Синди Покистон хостори афзоиши содирот ба Тоҷикистон аст

Раиси вилояти Синди Покистон гуфт, барои густариши тиҷорат, бахусус содирот ба Тоҷикистон имкониятҳои зиёд вуҷуд дорад. Дар мулоқоти консулгарии генералии фахрии Тоҷикистон дар Карочӣ ду ҷониб роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва нақлиётро баррасӣ кардаанд.
19.10.2026 13:53

Бонки Осиёии Рушд барои маблағгузории «Роғун 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнокро пешбинӣ менамояд

Дар доираи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор дар шаҳри Бангкоки Подшоҳии Тайланд ду даври мулоқоти сеҷониба бо иштироки вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, ноиби президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани ва ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд оид ба соҳаҳо ва самтҳои мавзуӣ Вемпи Сапутра баргузор гардиданд.