Ҷияни Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ то охирин тир бар зидди Толибон ҷангида, кушта шуд
Қарзу афзоиши нархи зиндагӣ мардуми хашмгини Фаронсаро ба майдонҳо овард
Лавров: “Гурӯҳҳои террористӣ мехоҳанд дар либоси паноҳанда ва сайёҳ ба Осиёи Марказӣ ворид шаванд”
Чин мехоҳад дар Тоҷикистон сармоягузориро зиёд ва воридоти мол ба Чинро афзоиш диҳад
Рӯзномаи Британия: Сайёҳон ва блогерони хориҷӣ аз Толибон чеҳраи мусбат ва гумроҳкунанда месозанд
Рӯзномаи чопи Британия “Сан” дар матлабе навишт, сайёҳон ва блогерони хориҷие, ки ба Афғонистон сафар кардаанд, аз Толибон чеҳраи мусбат ва гумроҳкунанда месозанд.
Бар асоси навиштаи ин рӯзнома сайёҳон ва блогерони хориҷӣ аз Афғонистон наворҳое нашр мекунанд, ки дар он аъзои гурӯҳи террористии Толибон меҳмоннавоз ва дӯст нишон дода мешаванд.
Сайёҳон ва блогерони хориҷие, ки ба Афғонистон мераванд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мулоқоти худ бо аъзои Толибон акс ва навор нашр мекунанд. Дар баъзе наворҳо ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии Толибон бо сайёҳон ва блогерон чой нӯшида, суҳбат мекунанд ва онҳоро бо хушмуомилагӣ пешвоз мегиранд.
Рӯзномаи “Сан” дар матлаби худ навишт, ҳарчанд таҷрибаи сайёҳон ва шароити мардум дар Афғонистон яксон нест, чунин наворҳо метавонанд тасаввури мусбат аз Толибон эҷод намоянд.
Ин рӯзнома аз қавли бархе сайёҳон навишт, ки дар ҷараёни сафар бо муносибати дӯстонаи ҷангҷӯёни Толибон рӯбарӯ шудаанд. Бархе сайёҳони дигар гуфтаанд, ки дар ҷараёни сафар хатар ва таҳдидро эҳсос кардаанд.
Карен Брун, сайёҳи 32-солаи Британия, аз ҷумлаи нафаронест, ки таҷрибаи сафараш ба Афғонистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст. Ӯ ба рӯзномаи “Сан” гуфт, аксари мулоқотҳояш бо аъзои Толибон ором ва дӯстона буд. Ба гуфтаи ин сайёҳи хориҷӣ, ҳадафи ӯ аз ин суханҳо ҳимоят аз сиёсати Толибон нест, балки фақат мехоҳад таҷрибаи шахсии худро ба дигарон гӯяд.
Сайёҳи дигари Британия Олли Ҳаргривз мегӯяд, таҷрибаи сафари ӯ ба Афғонистон тамоман дигар мебошад. Бар асоси гуфтаи ӯ, дар беъзе гузаргоҳҳо ҷангҷӯёни Толибон аслиҳаи худро ба сӯяш нишон додаанд. Ин сайёҳ нақл мекунад, як шаб баъди он ки Толибон иҷоза надоданд дар фазои кушод хайма зада хоб кунад, ҳамроҳи онҳо дар як дӯкон якҷоя хоб кардааст. Ӯ мегӯяд, баъзе аъзои гурӯҳи террористии Толибон навори ҷангҳо ва ҳамлаҳои интиҳориро ба ӯ нишон додаанд, ки тамошояш барояш бисёр ногувор будааст.
Брент Тим, сайёҳи амрикоӣ, ки дар саҳифаи истаграм бинандаи зиёд дорад, дар ҷараёни сафар ба Афғонистон бо аъзои Толибон акс гирифтааст. Ӯ дар саҳифааш аз маросими таҷлили панҷсолагии ба қудрат расидани Толибон навор нашр кардааст. Брент Тим мегӯяд, дар ҷараёни таърифи Толибон бояд аз истифодаи вожаҳо эҳтиёт намуд. Ӯ гуфт, дар ҷараёни сафараш бо даҳҳо ҷангҷӯи Толибон мулоқот намуда ва яке аз онҳо панҷ рӯз ҳамроҳаш будааст.
Ин рӯзнома менависад, ки гурӯҳи террористии Толибон пас аз бозгашт ба қудрат дар соли 2021 барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ талош кардааст.
Дар соли гузашта ин гурӯҳи террористӣ наворе нашр карда буд, ки он бо саҳнаи гаравгонгирӣ оғоз мешуд, аммо дар фарҷом марде бо лаҳҷаи амрикоӣ сайёҳонро ба Афғонистон хушомадед мегуфт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Дар Самарқанд таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши шарикии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Амрико баррасӣ гардид
Рӯзномаи Британия: Сайёҳон ва блогерони хориҷӣ аз Толибон чеҳраи мусбат ва гумроҳкунанда месозанд
Ҷияни Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ то охирин тир бар зидди Толибон ҷангида, кушта шуд
Ифтитоҳи Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба номи Кароматулло Қурбонов гузошта шудааст