Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо президенти Узбакистон
Дар суҳбати Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммаризо Ориф масъалаи таъсиси иттиҳоди форсизабонон матраҳ шуд
Дар Самарқанд таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши шарикии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Амрико баррасӣ гардид
Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Рӯдакӣ аз ифтитоҳи бинои раёсати маориф оғоз шуд
Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо президенти Узбакистон
19-уми октябр президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро, ки ба мақсади иштирок дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби “C5+1” дар шаҳри Самарқанд қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон навиштааст, зимни мулоқот масъалаҳои муҳими рушди муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон, инчунин, дурнамои таҳкими баъдии ҳамёрии стратегӣ ва ҳампаймонӣ байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар мулоқот аҳаммияти густариши пайвастаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо таъкид гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳам ҷоизапулӣ ва ҳам роҳхат. Қаҳрамони Ҷоми Тоҷикистон-2026 маълум шуд
Дипломати тоҷик: Тоҷикистон аз субот ва бозсозии Афғонистон ҳимоят мекунад
Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо президенти Узбакистон
Дар суҳбати Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммаризо Ориф масъалаи таъсиси иттиҳоди форсизабонон матраҳ шуд