16 Сентябр 2026,
чоршанбе, 04:05, Душанбе
22.04.2026 14:17

Миҷгона Самадова: “Он эҳсосро танҳо бо дил метавон фаҳмид”

Чанде пеш муштзани шинохтаи тоҷик Миҷгона Самадова дар Чемпионати Осиё оид ба бокс, ки дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон доир гардид, иштирок карда, сазовори медали биринҷӣ гашт.

Дар пасманзари ин ғолибият Dialog.tj бо Миҷгона Самадова доир ба пайраҳаи тайкардааш дар риштаи бокс суҳбат кард, ки мухтасари он манзури хонандагон мегардад.

- Ба даст овардани медали биринҷии Чемпионати Осиёро ба шумо таҳният мегӯем. Бигӯед, ки барои медали тилло ба шумо чӣ нарасид?

- Пеш аз ҳар мусобиқа Федератсияи бокси Тоҷикистон машқҳои дастаҷамъӣ мегузаронад ва умуман, тайёриҳои ман ба Чемпионати Осиё хуб буданд. Ман аз медали биринҷии бадастовардаам розӣ ҳастам, зеро муҳорибаам дар доираи World Boxing буд ва ҳамзамон пас аз моҳи Рамазон, ки баъди он барқароршавии пурра лозим мешуд. Албатта, муваффақиятҳои назаррас дар пешанд.

- Варзишгар бурду бохт дорад. Дар масъалаи ғолибият ва мағлубият ҳайати дастаатон, махсусан мураббӣ чӣ гуна бархурд мекунанд?

- Ҳар натиҷае, ки дар мусобиқаҳо ба даст меояд, барои ман ва дастаам боиси хушҳоливу ифтихор аст. Масалан, аз натиҷаи Чемпионати Осиё, ки чанд рӯз пеш сазовори медали биринҷӣ шудам, хеле хурсандам, чунки дар мусобиқаи мазкур аз кишварҳои гуногун беҳтарин варзишгарон иштирок мекунанд ва миёни беҳтаринҳо ҷойи сеюмро гирифтан муваффақият аст.

- Тавре иттилоъ дорем, аз ин ба баъд муштзанон ҳам монанди ҷудокорон дар мусобиқаҳо дар баробари ғалаба ва ба даст овардани медал, инчунин, барои баланд бардоштани мавқеи худ дар рейтинг хол ба даст меоранд. Дар ин маврид чӣ гуфта метавонед?

- Бале, дар World Boxing ҳамин гуна аст. Масалан, ман аз Чемпионати Осиё дар баробари медали биринҷӣ, 400 холи дигар ба даст овардам, ки барои роҳхат гирифтан ба Бозиҳои олимпӣ кумак мекунад.

- Ҳоло ба ягон мусобиқа омодагӣ дида истодаед?

- Моҳи июн Ҷоми ҷаҳон дар Ҷумҳурии мардумии Чин баргузор мегардад. Барои ҳар варзишгар ин мусобиқа муҳим аст  ва аз аввали моҳи май ман тамринро оғоз мекунам.

- Моҳи январи имсол аввалин муҳорибаи касбии худро дар мусобиқаи IBA Pro 14 доир кардед ва ғолиб омадед. Ба бокси касбӣ баромадан чӣ гуна аст ва чӣ фарқро мушоҳида кардед?

- Фикр мекунам, дар бокси касбӣ баромад кардан осонтар аст, зеро варзишгар ду моҳ пеш медонад, ки бо кӣ ба майдон мебарояд ва зидди ӯ омода мешавад. Вале дар бокси ғайрикасбӣ рақиб пешакӣ маълум нест. Дар ин ҷо одатан ба рейтинг нигоҳ мекунӣ ва ҳамеша зидди беҳтаринҳо омода мешавӣ.

- Шумо дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 иштирок кардед. Аввалин таҷриба чӣ хел буд?

- Ман аввалин роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро аз миёни варзишгарони тоҷик ба даст овардам. Аммо мутаассифона, дар рақобати аввал бохтам. Агарчи аввалин таҷриба дар муҳимтарин ва муҳташамтарин мусобиқаи варзишӣ барои ман натиҷаи дилхоҳ надод, вале бароям хотирмон ва такондиҳанда аст. Боз умед дорам, ки ба Бозиҳои олимпии оянда, ки соли 2028 доир мешавад, роҳхат гирифта, ҳунару маҳоратамро беҳтар нишон медиҳам.

- Ҳар боре, ки шумо дар мусобиқае ғолиб мешавед, парчами Тоҷикистон бардошта мешавад. Оё эҳсоси ҳамон лаҳзаро баён карда метавонед?

- Не, зеро он лаҳза инсонро эҳсосе фаро мегирад, ки ба забон оварда намешавад, балки онро танҳо бо дил эҳсос мекунӣ. Шукр, ки ман чандин маротиба чунин эҳсос доштам ва ифтихор мекунам, ки ватанамро дар гӯшаҳои гуногуни дунё муаррифӣ мекунам.

- Ягон маротиба накаут шудаед?

- Хушбахтона, ман ягон бор накаут нашудаам, вале накдаун шудаам. Худам бошад, ҳам накаут кардаам ва ҳам накдаун.

- Накаут ё накдаун кардаед?

- Бале, ҳам накаут ва ҳам накдаун кардаам.

- Дар корномаи варзишиатон чанд муҳориба гузаронидаед?

- Чун ман аз хурдӣ ба навъҳои гуногуни варзиш машғулам, рости гап аниқ намедонам, ки чанд муҳориба гузаронидаам. Яъне тӯли фаъолияти варзишиам, махсусан дар бокс чунин рақобати зиёд гузаронидаам, ки шумораашонро намедонам.

- Ҳоло дар Тоҷикистон рақиб доред?

- Дар ҳоли ҳозир дар кишвари худамон рақиб надорам, вале хушбахтона, бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ варзиш рушд карда истодааст, аз ҷумла духтарон ҳам ба бокс омада истодаанд.

- Барои як духтар дар ҷомеаи мо муштзан будан чӣ қадар душвор аст?

- Ҳама намуди варзиш душвор аст ва ин ҷо дигар ҷинс он қадар нақш надорад. Варзишгар дар баробари омодагии ҷисмонӣ, бояд аз ҷиҳати равонӣ низ омодаву солим бошад.

- Берун аз варзиш ба чӣ кор машғул ҳастед ва умуман чӣ гунаед?

- Ҳоло дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият мекунам. Одатан берун аз ринг ором ва камгап ҳастам.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

15.09.2026 18:25

Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд

Як таҳлилгари исроилӣ менависад, ки Амрико дар ҳоле аз пирӯзӣ дар муқобили Эрон ҳарф мезанад, ки Пентагон аз коҳиши захираи аслиҳа хабар медиҳад. Дар канори он, нархи нафт ба 110 доллар афзоиш ёфта, гузаргоҳҳои стратегии Ҳурмуз ва Бобулмандаб дар зери муҳосираи неруҳои ҳомии Эрон қарор гирифтааст.
15.09.2026 15:42

‎Масъалаи ҷалби сармоягузорӣ барои бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид

Дар шаҳри Душанбе вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуд.
15.09.2026 14:39

Шералӣ Кабир ва Ким Ҷонг Кван масъалаи истифодаи технологияҳои нав дар раванди истеҳсолотро баррасӣ карданд

14-ми сентябр дар шаҳри Сеул дар доираи ҷаласаи нахустини Механизми машваратии вазирони саноат дар формати «C5+1» мулоқоти вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо вазири савдо, саноат ва захираҳои Ҷумҳурии Корея Ким Ҷонг Кван баргузор гардид.
15.09.2026 11:13

Такмили ихтисоси наҷотдиҳандагон ва баргузории машқҳои муштарак. Мулоқоти Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон

14-уми сентябр раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо сафири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кетрин Смиттон мулоқот намуд.
15.09.2026 11:12

Толибон 10 нафарро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи озодӣ дар Бадахшон боздошт кардаанд

Манобеи маҳаллӣ дар Бадахшони Афғонистон ба расонаҳои ин кишвар гуфтаанд, ки гурӯҳи террористии Толибон 10 нафарро дар ноҳияҳои Шукай ва Хоҳони вилояти Бадахшон ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи озодии Афғонистон боздошт кардаанд.
15.09.2026 11:03

Шурои амният барои баррасии вазъи Бобулмандаб ҷаласаи изтирорӣ баргузор мекунад

Манобеи дипломатӣ мегӯянд, ки Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе барои баррасии таҳаввулоти марбут ба тангаи Бобулмандаб ҷаласаи изтирорӣ баргузор хоҳад кард.
15.09.2026 10:52

Гузориши «Ню-Йорк Таймз» аз ошӯб дар Пентагон: Ҳегсет ба эҷоди фазои нобоварӣ муттаҳам мешавад

Рӯзномаи амрикоии «Ню-Йорк Таймз» дар гузорише аз он чӣ «ошӯби доимӣ» дар Вазорати ҷанги Иёлоти Муттаҳида таҳти роҳбарии Пит Ҳегсет, вазири ҷанг, номидааст, навиштааст, ки ин вазъият тавоноии мақомоти баландпояи низомиро барои тамаркуз ба авлавиятҳои амниятии ИМА коҳиш додааст.