Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Худдории Лаҳистон аз ирсоли сомонаҳои дифои мушакии “Патриот” ба Ховари Миёна
Вазири дифои Лаҳистон дар изҳороте дар вокуниш ба ахбори расонаҳо оиди дархости Вашингтон аз Варшава барои ирсоли як воҳиди амалиётӣ аз сомонаи падофанди ҳавоии “Патриот”, шомили радар, маркази контрол: ҳидояти оташ ва чанд партобгари худ ба Ховари Миёна, таъкид кард: “Лаҳистон ҳеч барномае барои ироаи ин сомонаҳо ба Иёлоти Муттаҳида надорад”.
Владислав Косиняк-Камиш дар паёме дар саҳифаи корбарии худ дар расонаи иҷтимоии “Икс” навишт: “Сомонаҳои “Патриот”-и мо ва мушакҳои онҳо барои муҳофизат аз ҳарими ҳавоии Лаҳистон ва ҷиноҳи шарқии НАТО истифода мешаванд”.
Вай афзуд: “Ҳеч чиз дар ин замина тағйир накардааст ва мо ҳеч барномае барои истиқрори муҷаддади онҳо дар ҳеч куҷо надорем!”
Ба навиштаи хабаргузории “РИА Новости”, расонаҳои маҳаллии Лаҳистон пештар гузориш дода буданд, ки Вашингтон аз Варшава хостааст, ки яке аз ду воҳиди амалиётӣ аз сомонаҳои дифои ҳавоии “Патриот”-и худро ба Ховари Миёна мунтақил кунад.
Дар миёнаҳои моҳи март, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида аз чандин кишвари аврупоӣ ва осиёӣ хост, то киштиҳои ҷангии худро ба минтақа эъзом кунанд, аммо бисёре аз онҳо рад карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод